Нашрияи Омӯзгор

Гулистони рангини «Адаб»

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Шумораи нави маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва таълимию маърифатии «Адаб» ба нашр расид, ки чун ҳамеша навиштаҳои пурмуҳтавою хонданӣ пешкаши хонандагон гардидааст. Навиштаҳои ин шумора аз рӯйи мавзӯъ ба панҷ бахш тақсим шудаанд. Бахши аввал «Аз Рӯдакӣ то имрӯз» унвон дорад, ки пажӯҳиши профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Абдулҳай Комилов бо номи «Оташе дар бешаи андешаҳо» (Мавлоно Балхӣ ва Шамсӣ Табрезӣ)  ва таҳлили амиқи вазъи аморати Бухоро бо номи «Хонадони Манғития дар «Рисола»-и Аҳмади Дониш», ки ба қалами Обид Шукурзода мутааллиқ аст, ҷой дода шудааст.

Дар бахши дуюм «Машриқу Мағриб» – маводи мудири шуъбаи осорхонаи Лоҳутӣ Маҳбуба Луқмонова бо номи «Устод Лоҳутӣ аз назари сайёҳон» ва донишманди тоҷик Усмон Назир «Умари Хайём ва Эдвард Фитзҷералд»  гирд оварда шудааст.

Дар бахши сеюм («Сеҳри калом») навиштаи адиб Қодири Рустам «Марио Варгас Лиосо – классики модернизм» ва баргардони Ш. Нуъмонпур, С. Аловатшоҳ,  «Тавзеҳи романи «Бегона»-и Албер Камю ва  таҳияи Муҳаммадҷони Шодӣ бо номи «Хорсе Луис Борхес – аҷибтарин қиссагӯйи асри ХХ»   ҷой дода шудааст.

Бахши чорум «Кошонаи меҳр» унвон дошта, мақолаи Анзурати Мирзо, номзади илмҳои филологиро  перомуни фаъолияти доманадору пурвусъати профессор Абдунабӣ Сатторзода бо номи «Муаллим, муҳаққиқ ва дипломат»  ва номзади илмҳои филологӣ  Шодӣ Шокирзодаро дар бораи адиби шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Абдурауф Муродӣ бо номи «Қаламкаши умқнигару моҳиятбин» дар бар мегирад.

Бахши панҷум «Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон» ном дошта,   ҳикояи «Меҳмон»-и  Албер Камю, «Нақди «Меҳмон» ва навиштаи адиби Ҳиндустон Муншӣ Премчанд «Мусулмони воқеӣ»-ро  фаро гирифтааст.

Воқеан ҳам, дар шумораи нави маҷаллаи «Адаб» пажӯҳишҳои густурдаву фарогир, ҳикояву андарзҳои судманд аз эҷодиёти адибони сатҳи ҷаҳонӣ ва зиндагиномаи шахсиятҳои фарҳехта чоп гардидааст, ки  аз он устодону омӯзгорон ва муҳаққиқон метавонанд дар раванди таълиму тарбия ва таҳқиқ истифода кунанд.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш