Нашрияи Омӯзгор

Кошифи асрори таълим

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Дар раванди рушду такомули илму фарҳанги тоҷик нафароне ҳастанд, ки дар радиову телевизион ва минбарҳои умумии таблиғотӣ хеле кампайдоянд. Онҳо ҳамчунон, ки шоиставу хоси ҳар инсони бошарофат аст, ҳамеша дар сари дастгоҳи коранд ва дар андешаву хаёлашон ба ҷуз хидмати асливу воқеӣ ба нафъи миллату сарзамин - ҳамон гуна хидмате, ки фарзанди солеҳ барои модари худ бояд бикунад - чизи дигаре  намегунҷад  ва  ғайр  аз  ин  ҳадаф  марому маслаке надоранд. Баъзе соҳибназарон аҳли илму хирадро ба занбӯри асал мушобеҳ медонанд, ки аз гул ба гул гаштану шира ҷамъ карданаш на барои худ, балки барои дигарон аст. Талошу заҳмати мудовими аҳли илм низ бештар баҳри адои  рисолати  муқаддасе,  ки бо  амри  сарнавишт ба  уҳдаи  эшон  вогузор гардида - ҳидояту роҳнамоии аҳли ҷомеа ба ҷодаи рӯшани хираду маърифат ва ҳақиқату адолат сарф мешавад. Нигоҳе гузарон ба зиндагинома, шахсият ва  осору  афкори  доктори  илмҳои  педагогӣ,  профессор,  узви  пайваста  (академик)-и  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файзулло Шарифзода ба таври возеҳу рӯшан собит месозад, ки ӯ низ аз зумраи ҳамин гуна афроди хуштолеъ буда, умри азизу хешро сарфи пешаи омӯзгорӣ ва таҳқиқу пажӯҳиш дар соҳаи ба қавли худи ӯ, «инсонофар ва бунёдгузори ҷомеаи фарҳангӣ», педагогика намудааст.

Китоби  чорум  аз  силсилаи  “Достони  донишварон”,  ки  ба  қалами сардабири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” Шодӣ Шокирзода мутааллиқ аст, таҳти унвони “Кошифи асрори  таҳсилот  ва  таълим”  ба  нашр  расид.  Он  ба  рӯзгор ва фаъолияти пурвусъати илмиву омӯзгории академик Файзулло Шарифзода бахшида шудааст. Дар бахши аввали китоб “Бунёдгузори таълими ҳамгиро” нигоштаҳои муаллиф ба забонҳои тоҷикиву русӣ “Кошифи асрори таҳсилот ва таълим”, “Роҳнамои аҳли маориф” ва “Роҳи пуршарафи муҳаққиқ” (“Славный  путь  ученого”)  гирд  омадаанд,  ки  ҷанбаҳои  мухталифи  зиндагинома  ва  таълифоти донишманди  накуномро  мавриди  арзишдоварӣ  қарор  додаанд. Дар навиштаи «Кошифи асрори таҳсилот ва таълим», ки номи китоб ҳам аз ҳамин бармеояд, муаллиф кӯшидааст, ки симои академик Ф. Шарифзодаро барои хонанда бармало намояд ва хидматҳои ӯро дар соҳаи илму таълим ва тарбия нишон диҳад: «Қобили тазаккур аст, ки дар оғоз мутахассисон роҷеъ ба таълими ҳамгиро назари зидду нақиз доштанд, вале Ф. Шарифзода устуворона ба таҳқиқи ин масъала пардохт ва комёбӣ ҳам ба суроғаш омад. Алъон дар кишварамон муассисаҳои таълимӣ ва фанҳои ҳамгиро амал мекунанд ва ин, албатта, ба натиҷаи пажӯҳишҳои пурвусъати муҳаққиқи тозаназар иртиботи мустақим дорад». Ҳамин тариқ, муаллиф ҳамчун мактабшинос ҳар дастоварду комёбии мавсуфро  мавриди баррасӣ қарор додааст, ки ин навишта ҷанбаи қавии илмию таълимӣ низ дорад. Ин гуна таҳлилу тасвир  намудани хидматҳои фидоии маориф кори саҳлу осон набуда, аз як тараф, аз донишу ҷаҳонбинии васеъ доштани муаллиф шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар, аз хуб донистани  соҳаи таълиму тарбия далолат мекунад.

Дар бахши дуюми  китоб “Нақши қалами академик Файзулло Шарифзода” мақолаи пурмуҳтавои мавсуф “Фикр карданро бояд омӯхт” манзури  хонандагон  гардидааст. Қисмати   ниҳоии  китобро  меҳрномаҳои  академик  Ф. Шарифзода ва муаллиф ба якдигар ба сифати маводи аёнӣ манзури хонандагон гардидаанд, ки намунаи ихлосу меҳри самимии устодиву шогирдӣ мебошанд.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш