Нашрияи Омӯзгор

Ҳунарҳои мардумӣ дар дарс

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи таълим, стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба талаботи замони муосир низоми таълими салоҳиятнокро дар синфҳои ибтидоӣ ба роҳ мондааст.

Яке аз вазифаҳои асосии таълими фанни санъати тасвирӣ ва меҳнат ба меҳнат ва зебоиофарию зебоипарастӣ омода кардани хонандагон буда, аз тадбирҳои аввалини таълими технология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳисоб меравад. Фароҳам овардани шароити мувофиқ, муҳайё намудани асбобу маводи кор, дуруст, мақсаднок ва мунтазаму бошуурона ба роҳ мондани омӯзиши фаннӣ мазкур дар хонандагон одитарин малакаю маҳорати меҳнатӣ ва рассомиро ташаккул дода, барои ба эҷодкорӣ ҳидоят намудани онҳо мусоидат мекунад.

Ба мо лозим меояд, ки якчанд намунаро оид ба нақшу нигори тоҷикӣ ва таҳияву ороишоти бадеӣ аз таърихи санъат ороишӣ-амалӣ тоҷикон истифода барем.

Доир ба мавзӯъҳои муҳити табиат саёҳатҳо ташкил карда мешаванд, ки аз он хонандагон мушоҳидаҳои мақсаднок пайдо намуда, дар дарсҳои санъати тасвирӣ ва меҳнат аз рӯйи тахайюлот ва таассурот шакли аслро дар пеши назар оварда, тасвир менамоянд.

Барои он ки хонандагон ба ин намуди фаъолият бо завқу шавқ ва майлу рағбат муносибат намоянд, дар ниҳоди онҳо муносибати ғамхорона ба табиат, инчунин дар ашёи муқаррарӣ маҳорати дарёфтани мувофиқати шаклҳои ғайриодиро инкишоф додан лозим аст. Масалан, офаридани намудҳои ҳашарот ва гулҳо аз маводи табиӣ ва партов барои ороишдиҳию сохтани онҳо имкониятҳои фаровон муҳайё мекунад. Аз ҷумла, аз қисмҳои пешакӣ тайёр кардашуда шакли сӯзанак ва шабпаракро сохтан.

Аз пластилин шакли шиками сӯзанакро якҷоя бо каллааш месозанд. Аз тухми себ дар қисми болоии сар чашмонашро меофаранд. Аз шохчаи хушки сабз дум сохта, онро ба қафои шикам мечаспонанд. Қанотҳои сӯзанак—тухмиҳои шумтол ва зарангро аз паҳлуи шикам ҷуфт мегузаронад. Мӯйлаб ва поҳояшро аз сими борик сохта мумкин аст.

Мавзӯъ: Шиносоӣ бо нақшҳои гулдоира (гулбарг) ва буттаи нақшу нигори тоҷикӣ. Тарзи маъмулии ҷой гирифтани нақшҳои гулбарг хеле-хеле гуногунанд, ҳамеша дар мобайн гуле ҷой мегирад, ки баргҳояш аз 4 ё аз он ҳам зиёданд. Баргҳо нӯгтез ва ё ҳамвор шуда метавонанд. Гул дар доира гирифта мешавад.

Хонандагон мувофиқи супориш яке аз гулдоираҳои пешниҳодшударо иҷро мекунанд.

Гулдоидаро бо чунин муттасилӣ месозанд: дар варақи қоғаз аз ҷиҳати композитсионӣ дуруст гузаронидани нуқтаи гули марказӣ, баъд паси ҳамдигар илова намудани ҳалқаҳои тӯрӣ то ба вуҷуд омадани гулдоира.

Дар нақшу нигори тоҷикӣ чунин ҷузъиёт монанди буттача аҳамияти муҳим дорад, зеро нақшу нигори растанигии Осиёи Миёна аз рӯйи ба олами растанӣ тақлид намудан ҳамто надорад.

Поёни буттачаҳо бояд шаклҳои хурди баргчаҳо ва решачаҳои тахайюлӣ тасвир ёбанд. Ба нақшу нигори тоҷикӣ тасвири нимрӯяи гулҳо, яъне ба як тараф нигаронидашуда хос аст.

Намунаҳои буттачаҳо, ки дар ин нақша оварда шудаанд, ба корҳои эҷодии минбаъдаи хонандагон, инчунин, расмҳо барои ороиши ашёи рӯзгор тайёр карда шудааст.

Шамъигул  ЯҚУБОВА,

муовини директори мактаби №53, шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш