Нашрияи Омӯзгор

Неруи муқтадири инсонсоз

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Дар раванди ташаккули ҳаматарафаи инсон ва комилгардии шахсияти ӯ маҳз тарбия нақши муҳим мебозад. Тарбия инсонро ба ҳаёти мустақилу фаъолона, ба зиндагии бобарор ба манфиати худу ҷомеа омода мекунад.

Ба шарофати тарбия кӯдакону наврасон камолот меёбанд ва ҷодаҳои дурусти зиндагиро мепазиранд. Вожаи «тарбия» арабӣ буда, маънои парвариш, омӯхтан, адаб андӯхтан, нигаҳбонию меҳрубониро дорад. Дар атрофи тарбия ва тарзу усулҳои роҳандозии он садсолаҳост, ки олимону пажӯҳишгарон, мутахассисон изҳори назар мекунанд ва вобаста ба корбасти тарбия дар мактабҳо усулҳои гуногунро пешниҳод менамоянд. Тарбия дар маркази андешаҳои мутафаккирон, донишмандон ва аҳли адаби тоҷик низ қарор доштааст. Дар адабиёти классикии тоҷик дар мавзӯи тарбия асарҳои зиёде офарида шудаанд.

Чунончи, дар осори устод Рӯдакӣ тарбияи инсони комил тавассути панду андарз мавқеи барҷаста дорад. Шоир муҳимтарин ҷанбаи тарбиятро марбут ба омӯзиш ва ибрат пазируфтан аз ҳаводиси рӯзгор медонад. Ин нуктаро ду байти зер тасдиқ мекунанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

***

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро бакор ояд.

Андарз ва панду ҳикмат, ки бунёди тарбия мебошанд, дар осори устод Рӯдакӣ чунон барҷаставу муассиранд, ки ба пасояндагони шоири тавоно таъсири файзбахш гузоштаанд ва боиси ривоҷи мавзӯи тарбия дар эҷодиёти аксар адибон гардидаанд.

Дарахти ҳастии инсон аз тарбия шодоб гашта, самар меоварад. Педагогикаи миллии тоҷик барҷастатарин махсусиятҳои тарбияро ифшо намудаву тавзеҳ бахшидааст. Таъкид мешавад, ки дар тарбияи инсон ҳама чиз-аз ашёи атроф то муносибати ҷамъиятии мардум таъсиргузор мешавад. Таъбири машҳури «адаб аз беадабон бояд омӯхт» низ ин воқеиятро собит месозад. Тарбия ҳадаф, вазифа ва самтҳои муайян дорад ва ҳамеша дар заминаи ҳикмати барҷастаи «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек» роҳандозӣ мешавад. Ҳар инсон дар асл қобилиятеро, ҷавҳареро,  хосиятҳоеро дорост ва ин ҳамаро тарбия, ба ифодаи маъмул, рӯи об мебарорад ва аз кӯдаки ноогоҳу нокомил батадриҷ инсони соҳибхираду тавоною ҳушманд ба воя мерасонад.

Тарбия неруи муқтадир аст ва собитгарони асосии нерую тавонои тарбия, пеш аз ҳама, омӯзгорон мебошанд. Бидуни фаъолияти ҳадафмандонаву фарогири омӯзгорон тарбия ба ҳеҷ баробар аст. Аҳли таълиму тарбияро мебояд, ки аз методу усулҳои тарбия, тариқи корбасти онҳо, аз таълимоти педагогҳои барҷаста оид ба тарбия ва аз таҳқиқоти навин перомуни имконоту шеваҳои тозаи тарбия мунтазам ва саривақт огаҳӣ дошта бошанд ва дар қатори омилҳои дигари вусъатбахши донишу маҳораташон мунтазам ба худомӯзию такмили ихтисос машғул шаванд. Дар ин сурат тарбияи насли наврас бештар самаровар хоҳад шуд.

Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:

Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон

нагирифт,

Агар ба чашмаи Хуршед сар кашад,

худрӯст.

Малика Шарифова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №92-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш