Нашрияи Омӯзгор

Меҳнат шараф аст

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 857        Шарҳ: 0

 

Яке аз воситаҳои муҳими тарбия меҳнат аст, зеро он барои ташаккули қобилиятҳои ҷисмонию фикрӣ ва симои ахлоқии ҳар як шахс хеле зарур мебошад. Меҳнат моро мехӯронад, мепӯшонад ва лаёқату истеъдодамонро инкишоф медиҳад.

Агар меҳнат намебуд, инсон қуллаҳои баландтарини илму донишро кашф намекард, зеро ҳар як комёбӣ дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ба даст меояд. Дар мактаб барои дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия кардани кӯдакон омӯзгор бояд, пеш аз ҳама, шавқу рағбати онҳоро нисбат ба меҳнат ва меҳнатдӯстӣ зиёд намояд. Дар рушди лаёқату истеъдоди шогирдон фанни технология нақши назаррас дорад. Технология фаннест, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзонида шуда, бо меҳнати истеҳсолии хонандагон алоқаманд аст. Фанни мазкур раванди махсуси педагогист, ки мақсадаш ташаккул додани маҳорат ва малакаҳои меҳнатӣ ва ба хонандагон омӯзонидани тарзҳои иҷрои амалҳо мебошад. Хонандагон дар раванди машғулиятҳо нигоҳубини растаниҳо, таъмири китобҳо, сохтани бозичаҳо, дӯхтани либос ва дигар ҳунарҳои дар зиндагӣ даркориро ёд мегиранд.

Муносибат ба меҳнат дар фаъолияти таҷрибавӣ зоҳир мегардад. Дар мактаб хонандагон бояд на танҳо хонанд, балки меҳнат кунанд, мувофиқи қувваташон корҳои фоиданоки ҷамъиятиро иҷро намоянд. Тарбияи меҳнатии хонандагон яке аз воситаҳои асосии касбинтихобкунии онҳо мебошад. Вақте бачаҳо ба ягон тарзи меҳнат, хоҳ ҷисмонию хоҳ фикрӣ, машғул мешаванд, сирру асрори онро кашф мекунанд, дар борааш маълумот пайдо мекунанд. Ҳангоме ки хонанда дар мактаб расм мекашад ё чизе месозад, нозукиҳои ин амалҳоро омӯхтан мехоҳад ва аз омӯзгор дар ин бора маълумоти бештар талаб мекунад. Агар омӯзгор донишманду ботаҷриба бошад, бо иттилооти муфид дар бораи кори анҷомдодааш метавонад бачаро ба олами зебои наққошӣ ё ҳунармандӣ роҳнамоӣ кунад ва шояд дар оянда шогирдаш рассоми номдору ҳунарманди моҳире гардад. Тарбияи меҳнатӣ ташаккули мақсадноки шахсияти мактаббача ҳамчун  меҳнаткаши оянда аст. Ба шумораи сифатҳои асоситарини ӯ муносибат ба меҳнат, меҳнатдӯстӣ, фаҳмишоти аҳамияти ҷамъиятии меҳнат, муносибат ба меҳнат ҳамчун ба воситаи асосии инкишофи қобилиятҳои шахсии худ, муносибати эҷодкорона ба меҳнат дохил мешаванд.

Меҳнатдӯстӣ ба меҳнат шавқу ҳавас доштан ва меҳнат карда тавонистанро далолат мекунад. Он на фақат манбаи даромад ва фаровонии моддист, балки дар одамон сифатҳои неки инсониро пайдо мекунад, бепарвоӣ ва бетаваҷҷуҳиро рафъ месозад. Ба шахси меҳнаткаш шодиву хурсандӣ ато менамояд, бахту саодат, обрӯю эътибор меоварад. Одам пулу чизи бисёр дошта бошад ҳам, вале меҳнат накунад, ҳаргиз хушбахт буда наметавонад.

Бунёд Додобоев,

омӯзгори мактаби №12,

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш