Соли 2010 дар ҷумҳурии мо қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Чӣ ва кӣ моро водор сохт, ки чунин қонунро қабул намоем?
Дар ин бора мутахассиси номвари соҳаи педагогика Ирина Каримова чунин андеша дорад: «Аввалан, яке аз омилҳо ин аст, ки имрӯз ба мактаб бештар кӯдаконе меоянд, ки дар алоқа ба олами беруна муносибати манфӣ доранд. Дар натиҷа шумораи кӯдакон ва наврасони «аз ҷамъият берун» хеле афзудааст. Сониян, дар қатори ба вуҷуд омадани ин масъала масъалаи наве ба миён омад, ки ин бесарпарастӣ мебошад».
Дар солҳои аввали камолёбии тифл волидайн бештар ба таъмин ва қонеъгардонии талаботи моддии ӯ аҳамият дода, ба ҷиҳати аз ҳама муҳим – тарбияи маънавии тифл кам таваҷҷуҳ мекунанд. Волидон меандешанд, ки гӯё тарбия фақат ба зиммаи муассисаҳои томактабӣ ва мактаб гузошта шуда бошад. Давраи аз ҳама муҳимми тарбияи фарзанд то 5-солагии ӯ мебошад. Баъд аз ин марҳилаи дуюми тарбия оғоз меёбад.
Ҳалли масъалаи тарбияи маънавӣ дар зинаи якуми мактабӣ зина ба зина мураккабтар мегардад ва тарбия дар зинаҳои дигар аз он сарчашма мегирад. Бинобар ин, волидайнро мебояд дар ҳамкории зич бо мактаб фарзандро ба омӯхтани илму маърифат ҳидоят намоянд.
Чанд сол пеш роҳбари синфе будам, ки аз 28 нафар хонанда иборат буд. Табиист, ки бо 28 намуд характер сарукор доштам. Вазъи равонӣ, анатомӣ ва физиологии шогирдонро омӯхта, шахсияти аҷиб - Маҳмудалиро дарёфтам. Ман на танҳо ин хонанда, балки аҳли оилаашонро ҳам нағз мешинохтам, ба хоҳару апаҳои ӯ низ дарс додаам. Маҳмудалӣ на танҳо аз ҳамсинфони худ, балки аз хоҳару апаҳояш низ ба куллӣ фарқ мекард. Дар бораи рафтору гуфтор ва ахлоқу одоби писараш бо модари Маҳмудалӣ вохӯрда, суҳбатҳо намудам. Оилаи онҳо оилаи намунавӣ мебошад. Апаҳояш бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи воло таҳсил мекарданд. Аммо ӯ бошад, баръакс ба оила ва мактаб фақат изтиробу ташвиш пеш меовард. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд: чаро Маҳмудалӣ дар оилаи хуб тарбия меёбад, аммо рафтораш сарду номуътадил аст?
Бо усули мушоҳида намудан ва омӯхтани мизоҷ, маҷмӯи хусусиятҳои рӯҳӣ ва психикии ӯро муайян намуда, ба чунин хулоса омадам: Маҳмудалӣ оташин, худдӯстдор, ниҳоят якрав, саркаш, ҷасуру боҷуръат, вале дағал аст. Ба гурӯҳи мизоҷи холерик-меланхолик мансуб мебошад. Агар ӯ ба ҷамъияти ҳамсолонаш ворид гардад, фавран аз «ман»-и худ дарак медиҳад ва нақши асосиро иҷро кардан мехоҳад, ба худаш итоат кардани дигаронро талаб мекунад. Дар сурати иҷро нашудани хоҳишҳояш ё нақши дуюмдараҷаро бозӣ карданаш, ӯ тез аз ҷамъият мебарояд. Мисоли амиқро метавонем аз рафтор ва муносибати ӯ бо муаллими санъати тасвирӣ биёрем. Ҳангоми санҷиши расми кашидаи ӯ муаллим муайян намуд, ки расмро на Маҳмудалӣ, балки апааш кашидааст. Бо шунидани чунин суханон ӯ ба муаллим дағалию беҳурматиро оғоз намуд...
Хонандаи мазкур дар иҷрои корҳои зеҳнию меҳнатӣ хеле моҳир аст, аммо дар сурати назорати мунтазам ва подоше ба ӯ додан. Дар ин ҷо боз мисоли одиеро аз рафтори ӯ меорам. Ба ӯ супориш додам, ки тахтаи синфиро ранг кунад. Маҳмудалӣ ин корро хубу босифат иҷро кард, вале дар баробари ин талаб намуд, ки ӯро аз дарсҳои охир ҷавоб диҳам.
Барои чӣ дар ӯ чунин тарзи рафтор ташаккул ёфтааст? Аз суханони модараш маълум шуд, ки ӯ дар оила яккаписар буда, ҳамаи аҳли оила бениҳоят дӯсташ медоранд. Чизе, ки мехоҳад, зуд барояш муҳайё менамоянд ва ягон нафар аз аҳли оила ба ӯ ҳуқуқи баландтар гап заданро надоранд.
Ба хулосае омадам, ки волидайн дар тарбияи фарзанд дар марҳилаи аввали хурдсолӣ хато карданд. Таҷрибаи тарбияи оилавиро А.С.Макаренко таҳлил намуда, ба чунин хулоса омадааст: на ҳамаи волидайн маънии нуфузу обрӯи худро дар тарбияи фарзанд дуруст дарк мекунанд ва на ҳама вақт аз ҷиҳати педагогӣ ин ё он амали онҳо дар тарбияи фарзанд дуруст мебошад. Дар фарҷом якчанд омилро номбар мекунем, ки дар тарбияи насли солим нақши мусбат мебозанд:
- ҳамкории густардаи волидон бо омӯзгорон ҷиҳати таълиму тарбияи мақсадноки наврасон;
- таъсиси воҳиди кори равоншинос дар кӯдакистонҳо, мактабҳои таҳсилоти миёна ва умумӣ;
- ба таълиму тарбия роҳ надодани омӯзгороне, ки маълумоти педагогиву психологӣ надоранд;
- баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон ва оилаҳои онҳо бо назардошти тараққиёти ҷамъият ва талаботи замон.
Раҷабалӣ Шарифов,
омӯзгор, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр