Нашрияи Омӯзгор

Шарафу шуҳрати мо

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Забон  муҳимтарин  унсури бақои миллат  буда,  оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи  тафаккуру  андешаи халқ  ба  ҳисоб меравад  ва  яке  аз  арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон  барои наслҳои оянда арзёбӣ  мегардад.  Тавассути забон одамон ба ҳамдигар муошират карда,  таассуроташонро баён месозанд. Фарҳанг ва забон дар маҷмӯъ дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти ҳар як миллат  мебошанд. Маҳз  фарҳанг, забон ва анъанаҳо асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд.

Дар давоми 30 соли  истиқлол рукнҳои асосии давлатамон устувору пойдор шудаанд. Яке аз рукнҳои асосии давлат забон мебошад. Арҷ гузоштан ба забони модарӣ вазифаи ифтихории ҳар шахс аст. Забони  ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ  дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст. Мо соҳиби давлати миллӣ ҳастем  ва забони давлатӣ барои мо забони коргузорӣ, забони ваҳдатофарӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки агар забон ва фарҳанги миллӣ аз байн раванд, миллат  низ  дер ё зуд  тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Забони модарии мо сарчашмаест, ки фарзандонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дӯст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои муқтадири дунё ба ҳисоб меравад  ва ҳанӯз дар асри Х-дар замони давлатдории Сомониён ба мақоми давлатӣ соҳиб шуда буд.

Ифтихор аз Ватан, аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз гузаштагони сарбаланди хеш маҳз бо поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ иртибот дорад.

Ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста ба соҳаи кору фаъолиятамон вазифадор ҳастем забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри арҷгузории он талқин намоем. Татбиқи ҳамаҷонибаи  Қонуни забон дар ҳаёт аз азму иродаи ҳар яки мо, хусусан, муаллимони забон ва адабиёти тоҷик вобаста аст. Бояд ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, онро поку бегазанд ба наслҳои оянда бирасонем.

 

Шукрона Атоева,

омӯзгори забон ва

адабиёти  тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш