Нашрияи Омӯзгор

Чаро мақоланависӣ боиси баҳс гардид?

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 878        Шарҳ: 0

 

Навиштаи фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ (дар ФЕЙСБУК) дар робита ба сирқати мақолаҳояш аз ҷониби омӯзгорон мавриди баҳси зиёд қарор гирифт. Бояд гуфт, ки Дилшод Раҳимӣ комилан ҳақ дошт, даъво кунад, вале ӯ инсонест, ки эҳтироми инсонро дар ҳар сурат муҳим медонад. Ӯ дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст: “Намедонам, Вазорати маориф ва илм ё шуъбаҳои маориф чӣ фармоише барои омӯзгорон баровардаанд, ки ҳатман мақола чоп кунанд. Омӯзгорон бигзор ба таълиму тарбия машғул шаванд, мақола навиштан вазифаи олимону адибону рӯзноманигорон аст. Агар навишта тавонанд, марҳамат, аммо сирқот накунанд. Сабаби ин суханҳоро навиштанам ин аст, ки аллакай севум мақолаи маро айнан кӯчонида, омӯзгорон аз номи худ чоп карда истодаанд.”

Мо ҳанӯз соли 2010 дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” мақолае навишта будем бо номи “Шартнома ба хотири категория”. Дар он аз рафтори омӯзгорон (дархости мақолаи тайёр бо маблағи муайян) нигаронии худро нишон додем ва гуфтем: “...аз муроҷиати омӯзгорон ва суҳбати аксари онҳо бармеояд, ки меъёрҳои асосӣ зимни гузаронидани аттестатсия на ҳамеша ба инобат гирифта мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки аъзои комиссияи аттестатсионӣ аз муқаррароти асосӣ пурра огаҳӣ надоранд. Нокифоягии донишҳои ҳуқуқии омӯзгорон гувоҳи он аст, ки масъулони кор на рӯзномаву маҷаллаҳои соҳаро мехонанд ва на аз талаботи асноди меъёрӣ бохабаранд. Танҳо бохабарии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ (ва масъулин) пешбарандаи фаъолияти омӯзгорон, қадршиносии меҳнат ва ҳавасмандгардонии онҳо ва дар ин замина болоравии сифати таҳсилот шуда метавонаду халос.”

Чун барои мо қабули мақолаҳо аз ҳисоби омӯзгорон хуб ва баманфиат буд, он вақтҳо мо хаттиву шифоҳӣ, бевоситаву бавосита омӯзгоронро барои навиштан ҷалб мекардем. Манфиаташ ин ки омӯзгорон аз таҷрибаашон чизеро менависанд, ки ба ҳамкасбонашон даркор аст. Аммо ин хоҳишу дархости мо иҷро намешуд ва мо аз ин ҳисоб танқисӣ доштем. Бинобар ин, соли 2015 бо ҷалби мутахассисон ва омӯзгорон мизи мудавваре баргузор кардем, ки дар он мактабшиносони варзида М.Лутфуллоев, С.Шербоев, С.Аминов, С.Сайфуллоев, Б.Маҷидова, З.Нарзуллоев, рӯзноманигорону омӯзгорон ва чанде дигар иштирок ва суханронӣ карданд. Устодон аксаран бар ин назар буданд, ки барои мақоланависӣ омӯзгоронро бояд ҳавасманд кард, аммо тавре устоди равоншод Ҳ.Искандаров таъкид карданд: “Ба хотири мақола надоштан муаллимро аз категория маҳрум кардан билкул хатост!”

Чаро дар аттестатсия чунин талабот ҳаст ва чаро омӯзгорон онро ба инобат намегиранд? Чунки ин талабот барои омӯзгор-олимро фарқ кардан аз омӯзгорони дигар муайян шудааст. Ба гуфти намояндаи Вазорати маориф ва илм З.Нарзуллоев, “агар ин талабот гузошта нашавад, баҳо ба ин гурӯҳи омӯзгорон мунсифона нахоҳад буд. Мутаассифона, инро на дар шуъбаву раёсатҳои маориф воқеона ба инобат мегиранд ва на моҳияти масъаларо ба омӯзгорон мефаҳмонанд.”

Воқеан, чаро мо ба омӯзгор-олим, оне, ки дар ҳақиқат, муаллифи китоб, мақолаҳои методиву таълимӣ, мураттиби барнома ё дастур аст ва ё шогирдонашро пайрави кори худ гардонда тавонистааст, бартарӣ надиҳем? Омӯзгорони дигар аз мо наранҷанд, агар ин фарқ ба назар гирифта нашавад, нисбат ба ин омӯзгорон беадолатӣ мешавад.

Пас, чӣ бояд кард, ки омӯзгорон ин нуктаро дарк кунанд, то минбаъд бо пешниҳоди як мақолаи хурдакак, тарҷумазада ё дуздӣ ё бо шартнома навишташуда, соҳиби дараҷаи олӣ гашта, бартарии омӯзгорони воқеан олимро таҳти соя намонанд? Ба фикри мо, бояд меъёри муайяншударо ба дурустӣ фаҳмид ва фаҳмонид!

Тартиби аз аттестатсия гузаштани омӯзгоронро Вазорати маориф ва илм дар вақташ ба хотири низоми дурусту одилонаи маош ба омӯзгорон кабул карда буд, аммо солҳои охир баъзе масъулин бо сабабҳои гуногун талаботро ба қадре сахттар гирифтанд, бехабар аз чунин оқибатҳо.

Бори аввал соли 2006 ва бори дуюм соли 2017 Қарори Ҳукумати ҶТ аз 7 июни соли 2017 (№ 281) “Дар бораи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида буд. Дар қисми 3.2.23 (тавсифнома-масъалаҳои фаъолияти корманд) омадааст:

- сатҳи донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти соҳаи маорифро ба танзим медароранд ва риояи онҳо;

- татбиқи донишу таҷриба дар вазифаи ишғолнамуда, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ (маърӯза дар конфронсу семинарҳо, мақолаҳои методӣ, иштироки шогирдон дар олимпиадаҳо);

- иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ;

- худтакмилдиҳӣ ва татбиқи технологияи компютерӣ ва иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ;

- дигар хусусиятҳои хоси корманди соҳаи маориф (донистани забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисос, фаъолияти ҷамъиятӣ ва ғайра).

 Дар ҳамин қисмат (37) таъкид шудааст: Меъёри баҳодиҳӣ ба фаъолияти аттестатсияшаванда (омӯзгор ва мураббӣ) ҷиҳати ба мансаб мувофиқ будан ё набудан ва додани дараҷаҳои тахассусӣ чунин муқаррар мегардад:

- барои тахассуси дараҷаи олӣ - 23-25 хол;

- барои тахассуси дараҷаи якум - 20-22 хол;

- барои тахассуси дараҷаи дуюм - 15-19 хол;

- аз 10-14 хол аз аттестасия нагузашта ҳисобида мешавад.

Ин баҳогузориро мутобиқан Комиссияи аттестатсионии муассисаи таълимӣ, шуъба ва раёсати маорифи шаҳр (ноҳия) муайян мекунанд.

Худ қазоват кунед, вақте навиштани мақолаҳои методӣ дар баробари чанд дастовард таъкид шудааст, чаро дигар муваффақиятҳоро ҳамин як норасоӣ беарзиш гардонад?

Ин баҳс бештар миёни омӯзгорони шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он нигаронии зиёд овард. Мо борҳо садо додем, бо пешниҳоди масъулини сарраёсати маорифи шаҳр бо омӯзгорон семинари машваратӣ ҳам гузарондем. Фаҳмондем, ки аз онҳо мақолаҳои методӣ ва аз таҷрибаи корашон пурсида мешавад, на чизи дигар. Аммо барои қисме аз омӯзгорон пешниҳоди кори худашон душворӣ мекунад ва аз ин ҳисоб чанд миёнаравро ҷалб ва ҳавасманд мегардонанд, ки онҳо бо воситаи сирқат, тарҷумазадагӣ гӯё мақолаҳои хуб пешниҳод мекунанд, ки ин хеле нанговар ҳам аст. (Ҳарчанд ин талабот ба мо, кормандони нашрияҳои соҳавӣ, дар бозёфти чанд муаллиф кумак ҳам кард.) Бояд зикр кард, ки дар байни омӯзгорон соҳибқаламон ҳам ҳастанд, фақат ба пешниҳоди навиштаҳояшон ҷуръат надоранд. Ҷалбу раҳнамоии онҳо вазифаи роҳбарияти мактаб ва хадамоти методист.

Пешниҳоди мақола аслан барои омӯзгорон набояд душвор бошад. Якум, ҳар омӯзгор бо гирифтани маълумоти омӯзгорӣ, такмили касбият, малакаи худро ҳамарӯза бо навиштану эҷод кардани нақшаи дарс ё ягон чорабинии дигари таълимиву тарбиявӣ такмил медиҳад. (Ҳар қадар ки мефаҳмонем, қисме сарфаҳми пешниҳоди кори худро ба нашрияҳо надоранд, агарчи натиҷаи корашон хуб аст.) Дуюм, табиист, ки чун дигар мавридҳо, дар ин ҷо ҳам фурсатталабон кор мекунанд ва ба таври худ ба омӯзгорони «бечора» «кумак» мерасонанд. Маҳз ҳамин тоифа кормандони нашрияҳои соҳавиро бадном мекунанд. Дигар, фикр намекунам, ки ҳайати комиссия ба омӯзгори воқеан, эҷодкор эътирозе намояд. Мо, масъулини нашрияҳои соҳавӣ, бо роҳбарияти сарраёсати маорифи шаҳр маслиҳатҳо дода будем, қабул карда, барои омӯзгорони шаҳр маҷаллаи махсус таъсис доданд, роҳбарияти нав ҳам ба ин паҳлуи кори омӯзгорон тибқи талабот назари худро доранд. Дар шумораи аввали ин маҷалла сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” Н.Нурализода бо номи “Чӣ тавр бояд мақола навишт?” ва банда таҳти унвони “Мақоланависӣ ҳунар аст” ба омӯзгорон тавсияҳо ҳам дода будем. Аҳли ҷомеа ва алоқамандони нашрияҳоро мебояд моҳияти масъаларо ба худи омӯзгорон ва масъулони дигар фаҳмонанд. Агар талабот тибқи меъёри муқарраршуда риоя гардад, омӯзгорон ҳангома барпо накарда, барои дарки масъала ба навиштаву муроҷиатҳои пайдарпайи мо рӯ оранд, беҳтараш, намунаи кори худро хаттӣ ба мо пешниҳод намоянд, чунин нигарониҳо ба амал намеоянд.

Ба масъулине, ки ба дониши хаттии омӯзгорон баҳо доданро зарур медонанд, шояд ба назар гирифтани пешниҳоди устод Дилшод Раҳимӣ хубтар намояд: “Аз ҳама роҳи хуби интихоби омӯзгорони донишдор нависонидани иншо аст. Довталабони дараҷаю унвону мукофотро дар як толор гирд оварда, устодони донишгоҳҳо иншо гиранд. Албатта, бе воситаи касею чизе. Дараҷаю унвонҳоро дар асоси натиҷаи иншо додан мумкин аст.”

Мо мегӯем, ки агар ҳадаф санҷиши малакаи эҷодии омӯзгор аст, фаъолияти ӯро дар ҳудуди мактаб, ноҳия, шаҳр ё вилоят ҳам бояд ба назар гирифт. Чунки нашрияҳои ҷумҳуриявӣ имкон, хоҳиш ва зарурати чопи ҳама гуна мақолаҳоро надоранд. Дигар, низоми талабот, моҳияти талабот ва риояи он бояд ҳатмӣ дониста шавад! Дар ин сурат Вазорати маориф ва илм аз эътирози ҷомеа халос мешавад ва омӯзгор-олим ҳам дар мақомаш шинохтаву ҳавасманд мегардад.

Мо бояд Қарори Ҳукумати ҷумҳуриро зери суол набарем, балки талаботро воқеона ба роҳ монем!

Ва ниҳоят, мехоҳем донем, ки худи омӯзгорон чӣ мегӯянд.

 

Саидаи ФАЗЛ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш