Нашрияи Омӯзгор

Ифодаҳои арабӣ дар забони тоҷикӣ

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Дар таркиби луғавии забонамон баробари калимаҳои аслан тоҷикӣ миқдори зиёди калимаҳои аз забонҳои дигар воридшуда мушоҳида карда мешавад. Арабҳо дар нимаи дуюми асри VII ба ҳудуди Осиёи Миёна дохил шуда бошанд ҳам, дар натиҷаи муқобилияти устуворона ва ҷангҳои қаҳрамононаи халқи тоҷик натавонистанд, ки мамлакати тоҷикнишинро забт ва халқро ба худ комилан тобеъ намоянд.  Фақат ба воситаи ҳилаю найранги макорона ва ҷангҳои мунтазам дар ибтидои асри VIII онҳо аввал Марв, Балх ва баъд Бухоро, Самарқанд ва шаҳрҳои дигари тоҷиконро ишғол намуданд.

Муборизаи халқи тоҷик ба муқобили арабҳо ва забони арабӣ торафт шиддатноктар шуда ва дар давраи Сомониён масъалаи забон шакли дигар гирифт. Забони тоҷикӣ (форсӣ) аз ҳолати беҳуқуқӣ ва маҳкумӣ на танҳо халосӣ ёфт, балки асосан ҳамчун забони давлатӣ қабул шуд ( кори идоравӣ, дар ҳамон соҳаҳое, ки ба дин тааллуқ надошт, ба ин забон гузашт).

Дар давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон истеъмоли калимаҳои нофаҳмо ва шаклҳои мушкили арабӣ ранги дигар мегирад. Унсурҳои нофаҳмои калимаҳои арабӣ дар забони тоҷикӣ кам шуда, маънии семантикӣ ва шаклҳои морфологии баъзе ифодаҳои арабӣ тағйир меёбанд.

Шаклҳои солим ва ғайрисолими арабӣ забони зиндаи гуфтугӯии тоҷикӣ ба дараҷае дида мешаванд. Мисол:

Вақте ки зану шавҳар бо якдигар рӯ ба рӯ шуданд, аввалин сухани шавҳар ба зан: - Гулнор куҷост?-буд.  (С. Айнӣ.”Дохунда”) (ҷамъбандии солим).

   Мегӯянд асли ин аз хазинахонаи халифаи муслимин Султон Абдулҳамидхон ба шайх инъом шуда будааст. (С. Айнӣ. “Дохунда”), (ҷамъбандии солим).

... Даҳбошӣ пас аз чида гирифтани махориҷи ифтор аз нафарони худ, ба Регистон рафт...(С. Айнӣ. “Дохунда”), (ҷамъи шикаста).

Шаклҳои ғайрисолими ҷамъи арабӣ дар адабиёти имрӯза баъзан кор фармуда шаванд ҳам, аз нуқтаи назари забони муосир аксарияти шаклҳо ба қатори калимаҳои куҳнашуда (архаистӣ) дохил шудаанд, ё ин ки онҳо ҳамчун калимаҳои муфрад пазируфта мешаванд. Дар мисолҳои зерин шаклҳои ҷамъи арабӣ дучор мешаванд:

Аз остонаи дарвозаи арк то пеши масҷиди Ҷомеъ амалдорони дарбори амир... саф баста истода буданд. (ҷамъ – ҷомеъ) (С. Айнӣ. “Дохунда”, саҳифаи 196)

Молу ашёи моро тороҷ кардаед ва худамонро ба зиндон фиристодаед. (мол-амвол, шайъ- ашё) (С. Айнӣ. “Дохунда”).

Дар забони адабиёти классикамон мувофиқи мубтадою хабар саҳеҳ аст. Лекин аксарияти калимаҳои арабии аслан ҷамъ дар забони имрӯзаи тоҷик чун калимаҳои муфрад кор фармуда мешаванд. Масалан:

Бо ин хаёлоти ширин пеш рафтан гирифт. (С. Айнӣ, “Дохунда”).

Агар як мактаби Бухоро тӯй кунад, уламо, фузало, машоих ва калоншавандагонро хабар карда иззату эҳтиромашонро ба ҷо меорад. (С. Айнӣ. “Дохунда”).

Ғайр аз ин, ҷойивазкунии вазифа ва маънии ҷамъи арабиро низ мебинем. Калимаи аслан ҷамъи арабӣ - авқот дар забони имрӯзаи тоҷикӣ вазифаи семантикии худро дигар намудааст. Авқот шакли ҷамъи ғайрисолими арабӣ буда, муфрадаш вақт мебошад ва маънои фурсат, замон, маҳал ва ғайраро ифода мекунад. Калимаи  авқот дар забони имрӯзаи тоҷик ба маънии хӯрок, озуқа, чизи хӯрданӣ меояд. Аммо ин шакли ҷамъи вайрони калимаи қут –авқот аст.

Ин вақт духтар расида омад. (С.Айнӣ.”Дохунда”).

Аксар шаклҳои ҷамъи арабӣ ҳамчун муфрад тасаввур гардида, барои ифодаи ҷамъаш боз суффикси ҷамъбандии тоҷикиро илова мекунанд; сабзавотҳо,навиштаҷотҳо, ахборотҳо, ҳудудҳо, аъзоҳо ва ғайраҳо. Ба исмҳои мазмунан конкретмаъно (маҳсул, ҳосил) ва абстрактмаъно   (тасаввур, хаёл) суффикси от ҳамроҳ шуда, ҷамъи исмҳои арабӣ месозад, ки барои ифодаи мазмуни бисёрии онҳо ба охирашон суффиксҳои ҷамъи тоҷикӣ илова мегардад: маҳсулотҳо, тасаввуротҳо, маълумотҳо ва монанди инҳо.

Хушбахтона, забони адабии тоҷикӣ дар даврони истиқлоли кишвар пайваста рушду такмил меёбад ва бисёр ноқисаҳояш дар навишту баён аз байн мераванд.

Парвинаи Ҷӯрахонзода,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики

мактаби №56, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш