Солҳои охир дар ҷомеаи муосир тағйироти куллии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ба вуқӯъ мепайванданду муносибатҳои байналмилалӣ тавсеа меёбанд. Дар чунин шароит ниёз ба такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳамвора меафзояд. Ин нукта дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ таъкид гардидааст.
Забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07. 07. 2014, №427 «Дар бораи барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015 – 2020» бомуваффаият амалӣ карда шуд. Илми забоншиносӣ қонуниятҳои вобастагии сатҳи бисёрзабониро аз дараҷаи донистани забони модарӣ равшан муқаррар кардааст. Аз ин ҷост, ки хуб донистани забони русӣ бидуни амиқ донистани забони модарӣ имкон надорад. Ҳар қадар фарҳанги забони муоширати байналхалкӣ баланд бошад, ҳамон қадар фарҳанги забони миллӣ афзалият пайдо менамояд.
Вазъи кунунии муносибат ба забон дар кишвари мо барои омӯзиши забони русӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ шароит фароҳам овардааст.
Муоширати байнифарҳангӣ робитаи инсонҳоест, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд. Ҳар як забон, аз ҷумла, забони русӣ ифодагари фарҳанги воқеии ҷомеа маҳсуб меёбад, ки дар ин забон арзи ҳастӣ дорад ва ба фарҳанги он хизмат мекунад. Тавассути азхуд кардани забони русӣ инсон ҳамзамон ба фарҳанги миллии дигаре низ ошно мегардад, аз ҷаҳони маънавие, ки дар он забон нуҳуфтааст, дунёи маънавиашро ғанӣ мегардонад. Масъалаи омӯзиши забони русӣ бо масъалаи омӯхтани таърихи кишвар, фарҳанг ва ҳаёти он халқ вобаста аст. Забони русӣ яке аз забонҳои ғанию тавонманди ҷаҳон эътироф гардидааст ва имрӯз дар тамоми дунё бо ин забон беш аз 260 миллион нафар гуфтугӯ мекунанд.Ин забон забони муоширати байналмилалии давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муқаррар гардидааст. Дар бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ – СММ, ЮНЕСКО, САҲА, СҲШ ва ғайра забони русӣ ба сифати яке аз забонҳои расмии коргузорӣ амал менамояд. Бо ин забон адабиёти ҷаҳонгир ва осори илмию техникии пурарзиш офарида шудааст. Бо ба тасвиб расидани «Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мо - омӯзгорони забони русиро низ водор менамояд, ки ба сифатан беҳтар намудани таълими омӯзиши забони русӣ ба ташаккули шахсияти ҳамаҷонибаи шогирдон мусоидат намоем.
Валиҷон ОБИДОВ,
омӯзгори забони русии
мактаби рақами 121,
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр