Нашрияи Омӯзгор

Посух ба пешниҳоди муаллим

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

9-уми апрел бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Истилоҳоти забоншиносӣ ва мавқеи онҳо дар китобҳои дарсии забони тоҷикии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” нахустин конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Бо эҳтимоми марказ маводи конференсия дар шакли китоб (маҷмӯаи мақолаҳо) нашр шудаву ба дасти иштирокдорон ҳам расида буд. Ҷуз масъалаи асосӣ гузоришгарон дар атрофи муҳтавои китобҳо, мутобиқати онҳо бо барномаи таълим низ сухан ронданд. Бархе аз гузоришгарон ба далели интишори матни маърӯза аз қироати пурраи он худдорӣ варзида, мавзӯъро мухтасар ироа намуданд. Аз ҷумла, дар мақолаи омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-уми ноҳияи Хуросон Хуҷамқул Гулов зери унвони “Андешаҳо оид ба муҳтавои китобҳои дарсии “Забони тоҷикӣ” ва мувофиқати онҳо ба барномаи таълим” (саҳ. 118-127) доир ба китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои хонандагони синфи 6-ум (–Душанбе: Маориф, 2020), ки масъулияти таълифи он бар дӯши мост (Анварӣ С., Мирзоев А., Ғаффоров А.), эрод ҷой доштааст, ки баъди мутолиа ба назарамон расид. Инак, аз номи муаллифон инҷониб ба эроди муаллим Хуҷамкул Гулов дар мавриди мураккаб будани шарҳи мавзӯъҳои “Сифати феълӣ” ва “Феъли ҳол” посух медиҳам.

Нахуст бояд бигӯям, ки дар конференсия ҳузур доштам ва зимни изҳори андеша пиромуни матолиби гузоришшуда мушкилоти ин ду истилоҳ ва баҳс рӯйи онҳоро баён кардам. Зимнан, ба арз мерасонам, ки мақолае бо номи “Андешаҳо пиромуни истилоҳоти забоншиносӣ” дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” (3-юми августи соли 2007) ба табъ расонда будам ва воқеияти илмии, аз ҷумла, ҳамин истилоҳҳо дар маърази баҳс қарор дошт. Бо собиқаи кор дар Донишгоҳи омӯзгорӣ (ҳоло ДДОТ бо номи устод Айнӣ) ва мактаби миёна (акнун муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 сол) ба навиштани китоби дарсӣ даъват шудам ва гуфтаниям, ки савияи хонандагони синфи шашро медонам. Ин ду мавзӯъ худ мушкиланд ва ташаккули онҳо ба исми фоилу сифати фоиливу мафъулии “Сарфу наҳв”-и пешинаамон пайванд мехӯрад. Мо, муаллифон ҳам, басо кӯшиш ба кор бурдаем, ки қазияро ба зинаи фаҳми шогирдон дастрас тарҳрезӣ намоем. Аммо дар навиштаи шумо ғалати илмӣ ва дастурӣ мушоҳида кардем. Чунончи: “...мебояд, ки (манзур муаллифон) ин мавзӯъҳоро содатар баррасӣ намоянд; чунончи, ба кадом саволҳо ҷавоб шудани сифати феълӣ дар китоб нишон дода нашудааст, мисол новобаста ба он ки навишта – сифати феълӣ аст, дар ҳолати дарҷ нагардидани исм “мактуб” ба хонанда муайян кардани сифати феълӣ душвориро ба миён моварад. Бисёр хуб мешуд, ба кадом саволҳо ҷавоб шудани сифати феълӣ махсус дар таърифи “Сифати феълӣ” зикр карда шавад” (саҳ. 122).

Доир ба мавзӯи “Феъли ҳол” низ айнан ҳамин гуна пешниҳод аст (саҳ. 122).

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки “Сифати феълӣ” ва “Феъли ҳол” ҳиссаҳои мустақилмаънои нутқ нестанд, ҳиссаҳои тасрифнашавандаи нутқ мебошанд. Ба суол танҳо ҳиссаҳои мустақилмаъно ҷавоб мешаванд. Грамматикаҳои илмӣ (академӣ ва донишгоҳӣ)-ро варақ гардонед, мукаммал посух хоҳед гирифт. Илова ба ин, лозим донед, дар дарс ба мисоле, монанди гули шукуфта, суоли сифатро мегузоред (кадом?, чӣ гуна?). Ба феълҳои ҳоле, монанди меҳмон омада, хандакунон ба гап сар кард, суоли феъл (чӣ кор кард?) ва зарфро (чӣ тавр?, дар кадом ҳолат?) мондан мумкин аст. Ин амал ҳеҷ мушкил надорад.

Эроди дигари шумо, ки дар давоми ҳамон ҷумла омадааст: “мисол новобаста ба он ки навишта – сифати феълӣ аст, дар ҳолати дарҷ нагардидани исм “мактуб” ба хонанда муайян кардани сифати феълӣ душвориро ба миён меоварад”, пазируфтанӣ нест, зеро дар мисоли (мактуби) навишта (саҳ. 88) исм (мактуб) оварда шудааст. Суоли сифати феълияш ин гуна хоҳад шуд: кадом ё чӣ гуна мактуб?

Мавзӯи “Феъл” дар барнома ва китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфи 5 аст. Онро нафаҳмида ба китоби мо мансуб донистаед.

 

Сулаймон АНВАРӢ,

устоди ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш