Нашрияи Омӯзгор

Биофизика рушд меёбад

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 828        Шарҳ: 0

 

Чун ҳама илмҳои дигар дар замони мо илми биология низ рушди босуръат дорад ва марҳила ба марҳила такмилу вусъат пайдо мекунад. Бо ҳар навгонӣ дар ин илм зарурати он дар ҳаёти инсон бештар собит мегардад. Биология ҳар чӣ бештар ба ҳаёту фаъолияти одамон иртибот пайдо мекунад, дастгиру мададгори онҳо мешавад ва барои ғанитар гардидани зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар заминаи пажӯҳишу таҳқиқотҳо ва кашфиёти олимони соҳа мафҳуму истилоҳот шохаву равияҳои навини илми биология арзи ҳастӣ мекунанд. Масалан, солҳои охир истилоҳоти биогенез, биогидроакустика, биологияи кайҳонӣ, биоксия, биотехния, биотелеметрия, биофабрика, биотит, биоэнергетика, биометрия… дар таркиби таълимоти илми биология мазмуну муҳтаво ва вусъати тоза пайдо кардаанд ва имконоту тавони ин илми ҳаётан муҳимро боз ҳам афзудаанд. Маълум, ки робитаи илмҳо як омили асосии  инкишофу такомули онҳост. Кашфиётҳо дар кулли фанҳо алоқамандии онҳоро боз хам қавитар месозанд. Ин хосият барои илми биология низ истисно нест. Илми мазкур метавон гуфт, ки бо тамоми илмҳо робитаи файзбор ва доимӣ дорад. Аз ин ҷост, ки мафҳумҳои биогеография,  биометрия, биофизика, биокимиё ва амсоли инҳо ба вуҷуд омадаву фаъол гаштаанд. Мавҷудияти чунин истилоҳот худ далели барҷастаи робитаи ногусастании фанҳо ба шумор меравад. Барои мисол, тафсире ба истилоҳи биофизика мебахшем. Чунонки сарчашмаҳо таъкид менамоянд, биофизика марбут ба илми биология буда, ҳамчун як шохаи он, ки ба тасдиқи зумрае аз олимони соҳа ба дараҷае мустақилият (ҳамчун илм)  низ пайдо кардааст, равандҳои физикавӣ ва физикавию кимиёии организм, ултрасохтори силсилаҳои биологиро дар ҳамаи давраҳои рушду такомулашон меомӯзад. Муҳаққиқони биология бахшҳои зерини биофизикаро  муқаррар намудаанд:

-биофизикаи молекулавӣ. Ин бахш хосияти физикавӣ ва физикавию кимиёии микромолекула ва маҷмаи молекулавии организмҳои зиндаро таҳқиқ ва муқаррар менамояд.

-биофизикаи ҳуҷайра. Дар меҳвари омӯзиши ин бахш асосҳои физикавӣ ва физикавию кимёии ҳуҷайра, алоқаи сохти молекулавии мембранаҳо ва ташкилаҳои ҳуҷайравӣ, энергетика ва термодинамикаи равандҳои ҳуҷайравӣ қарор доранд.

-биофизикаи идора ва танзим. Ба омӯзиши масоили таҳқиқ ва тарзи алоқаи дохилии усулҳои идораи организмҳо ва табиати физикавии онҳо, ҳамчунин, таҳқиқи мабдаи зинда дар доираи организми том машғул аст.

Дар маҷмӯъ, доираи мавзӯъ ва таҳқиқоти биофизика хеле васеъ ва рангину ҷолиб аст. Дар саросари ҷаҳон олимони зиёде ба пажӯҳиш вобаста ба бахши биофизика машғуланд. Олимони биологи тоҷик низ дар таҳқиқи биофизика ҳамчун як шохаи биология ҳиссаи шоиста доранд. Биофизика дар шумори илмҳои ояндадор ва дорои имконоти фаровон эътироф гардидааст.

 

Гулнигор Файзуллоева,

омӯзгори биологияи мактаби

№17-и шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш