Нашрияи Омӯзгор

Мутахассисонро қадрдонӣ бояд кард

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) дар иртибот ба масъалаи беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии мамлакат таъкид намуданд, ки дар марҳилаи навбатии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва дар амал татбиқ намудани саноатикунонии босуръати кишвар, мебояд ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро пешрафти иқтисодиёти мамлакат маҳз ба ин илмҳо вобастагӣ дорад.

Мо, омӯзгорон, иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри рушди онҳо ҳама корҳои заруриро анҷом медиҳем. Боиси хушнудист, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст, ки ҳамасола барои дарёфти он озмун эълон мегардад.

Инчунин, Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем”.

Қобили зикр аст, ки ин ташаббуси созандагиву дурандешонаи Пешвои миллат, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаю технологияи нав, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, рушди истеъдодҳои навтарин ва дар ин самт пешниҳод намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аҳли илми тоҷикро боз ҳам рӯҳбаланд намуд.

Дар баробари ин ҳама пешравиҳо, дар соҳа камбудиҳо низ ҷой доранд. Масалан, дар баъзе деҳаҳо ва ноҳияҳои дурдаст, шояд бо сабаби ҳавасманд нагардидан мутахассисони сатҳи баланди касбӣ кам ҷалб мешаванд ва ин боиси коста гардидани сатҳу сифати таълим мегардад. Инчунин, кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизоти замонавӣ кам таъмин карда шудаанд ва аксари мутахассисони ҷавон баъди хатми мактаби олӣ, гарчанде шартномаи сетарафа ва роҳхат дошта бошанд ҳам, ба минтақаи худ ба кор барнамегарданд, ки ин ҳам боиси норасоии мутахассисон ва ҳам косташавии сифати таълим мегардад. Барои ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби мутахассисони ҷавон бо роҳҳои ҳавасмандгардонӣ ва таъмини шароити мусоид барои онҳо чораҳои қатъӣ андешанд.

Нусратбек ШОМИРЗОЗОДА,

омӯзгори мактаби №1-и

ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш