Монографияи номзади илмҳои филологӣ Хушдил Раҳимҷонов бо номи «Меъёрҳои этикаи касбӣ дар журналистикаи тоҷик» дар шакли китоби алоҳида ба нашр расид.
Дар он нақши санадҳои марбут ба этикаи касбии журналист дар риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ, ки аҳамияти илмии онҳоро собит менамояд, баҳсҳо доир ба татбиқи меъёрҳои ахлоқӣ ва натиҷагирӣ аз онҳо, ки то куҷо ниёз доштани воситаҳои ахбори оммаи муосир ба чунин санадҳои худтанзимкунандаро баёнгар аст, нақши санади Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон – «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дар риояи меъёрҳои этикаи касбӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин, муқоисаи ин санади дохилӣ бо гунаҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида анҷом ёфта, нақши журналистикаи тоҷик дар самти эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ таҳқиқ гардидааст.
Монографияи мазкур аз се боб иборат мебошад. Боби аввал «Омилҳои ташаккули этикаи касбии журналист» унвон дошта, аз ду фасл: «Таҷрибаи байналмилалии танзими масъалаҳои этикаи касбии журналист» ва «Ташаккули меъёрҳои этикии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» таркиб ёфтааст. Дар ин боб муҳаққиқ кӯшиш намудааст, ки омилҳои пайдоишии ташаккули этикаи касбии журналист, заминаҳои ба вуҷуд омадан ва зарурати татбиқи онро дар фаъолияти журналистӣ бо далелҳои боэтимод собит намояд. Дар асри XXI, ки асри технология ва баҳамоии ҷомеаҳост, татбиқи меъёрҳои ахлоқӣ шеваи навро ба худ касб кардаст. Ба таъкиди муҳаққиқи ҷавон, дар аксар ширкатҳои амрикоӣ нозири ахлоқ амал мекунад, ки вазифаи ӯ имиҷи (нуфузу эътибори) ширкатро нигоҳ доштан мебошад. Дар ин боб моҳияти илмии санадҳои ахлоқӣ ҳамчун ҷузъи муҳими фаъолият ва қисми таркибии назарияи журналистика будани онҳо тавсиф ёфтааст. Зарурати қабули кодекси ахлоқро Х.Раҳимҷонов дар он медонад, ки маҳаки асосии ҳама гуна кодексҳои ахлоқро бедор намудани ҳисси масъулияти иҷтимоии журналист ташкил медиҳад; водор намудан ба эҳсоси масъулият асосе барои комёбиҳои дигаре аст. Вақте воситаҳои ахбор барои сухани гуфта ва барои матлаб масъулият эҳсос мекунанд, нисбат ба худ эътимоди аудиторияро ба вуҷуд меоранд.
Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ чандин санади меъёрҳои ахлоқӣ ба тасвиб расидааст, ки шарафу эътибори журналистро нигоҳ медоранд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд:
1.Кодекси шарафи касбии журналистон, ки Федератсияи байналхалқии журналистон соли 1939 дар Конгресси 7-уми Бордо қабул кардааст.
2.Принсипҳои байналхал-қии этикаи журналистӣ дар мулоқоти машваратии 4-уми созмонҳои минтақавӣ ва байналхалқии журналистӣ соли 1983 дар Прага қабул гардидааст.
3. Хартияи озодии матбуот – қатъномаи Конфронси умумиҷаҳонӣ –Садои озодӣ ба муаммоҳои сензура, ки 16 январи солди 1987 дар Лондон баргузор гардида буд, инъикос мекунад.
4. Эъломияи принсипҳои рафтори журналист аз тарафи Федератсияи байналхалқии журналистон 25-28 апрели соли 1954 дар Конгресси 2-юми умумиҷаҳонӣ дар Бордо қабул ва 2-6 июни соли 1986 дар Конгресси 17-уми умумиҷаҳонӣ дар Хелсинки ба он тағйиру илова ворид карда шуд.
5. Кодекси меъёрҳои ахлоқӣ аз ҷониби Ҷомеаи журналистони касбӣ соли 1996 қабул гардидааст.
Аз ҷумла, дар Кодекси меъёрҳои ахлоқӣ омадааст:
1. Ҳақиқатро ҷӯед ва онро ба мардум расонед. 2. Зарар камтар расонед. Ҷустуҷӯйи хабар барои анҷом додани ҳар амале асос шуда наметавонад.
3. Мустақилона амал кунед. Журналист барои манфиатҳои шахсӣ не, балки барои ҳуқуқи иттилоъгирии ҷомеа масъул аст. 4. Масъулият эҳсос кунед.
Бояд таъкид кард, ки санадҳои ахлоқии мазкур такмилбахши ҳамдигар буда, шарафу эътибор ва нуфузи журналистро таъмин менамояд.
Боби дуюми монография «Масъалаҳои одоби касбӣ дар матбуоти даврӣ» ном дошта, дар ду фасл: «Шӯрои ВАО-зуҳуроти нави худтанзимкунии воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон» ва «Баҳси матбуотӣ ҳангоми қабули меъёрҳои ахлоқӣ» таҳлил шуда, муҳаққиқ андешаҳои ҷолиб ва омӯзандаро пешниҳод кардааст. Дар ин боб баъзе масъалаҳои одоби касбӣ дар матбуоти тоҷик баррасӣ гардидааст. Пажӯҳишгар Х.Раҳимҷонов баъди натиҷагарӣ ба хулосае меояд, ки матбуоти тоҷик, махсусан, матбуоти мустақил ба василаи худтанзимкунанде ниёз дорад, зеро мушкилоти зиёде дар ҷомеаи журналистӣ вуҷуд дорад.
Дар боби сеюм, ки «Муаммоҳои татбиқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» унвон гирифта, фаслҳои «Умумият ва тафовути «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз дигар асноди этикӣ» ва «Вазъи риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ дар баҳсҳо ва дигар маводи матбуотӣ»-ро фаро гирифта, ба таври густурда таҳлил карда шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» қабул шудааст, ки дар пешгуфтори он омада: «Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдодона амалӣ гардидани онро дарк намуда, меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд». Муҳаққиқи пуркор баъди муқоисаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бо дигар асноди ҳамгун ба хулосае мерасад, ки бо вуҷуди зарурат доштан ба такмил он ба талабот ҷавобгӯ буда, дар беҳтар гардидани риояи арзишҳои ахлоқии умумибашарӣ ва касбӣ нақши бориз дорад.
Дар китоби мазкур маводи фаровон оид ба меъёрҳои этикаи касбӣ, ахлоқи журналистӣ, шаъну шараф ва мавқеи журналистӣ оварда шуда, ки аз таҳқиқи густурда ва фундаменталӣ будани он далолат медиҳад. Ҷиҳати дигари илмияти монография дар он аст, ки муаллиф дар муқоиса бо мисолҳои конкретӣ ва истифодаи факту арқоми зиёди раднопазир тавонистааст, ки муҳиммият ва нақши меъёрҳои этикаи касбиро дар журналистикаи тоҷик нишон бидиҳад.
Монографияи номзади илмҳои филологӣ Хушдилҷон Раҳимҷонов «Меъёрҳои этикаи касбӣ дар журналистикаи тоҷик» барои муҳаққиқони журналистикаю публитсистика, донишҷӯёни факултаю шуъбаҳои журналистика ва кормандони ВАО дастури арзишманд ва муфид ба ҳисоб меравад.
Насриддин Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр