Нашрияи Омӯзгор

Аз кӯза ҳамон таровад, ки дар ӯст

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар кушодани муаммоҳои зиндагӣ нақши муҳим доранд ва аз ин рӯ, эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бисёр иқдоми муҳим ва саривақтист.

Ба мо-омӯзгорон зарур аст, ки дар муддати бист соли оянда тафаккури техникӣ ва технологии шогирдонро баланд бардорем. Агар мо дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ таълими фанҳои номбурдаро дуруст ба роҳ монем, аз якчанд мушкилӣ халос мешавем. Аз ҷумла, бо ин роҳ мо  ба хурофотпарастӣ зарба мезанем. Зеро ки хурофот зуҳуроти басо хавфнок буда, барои пешравии давлат ва рушди он монеа эҷод мекунад. Масалан расадхонае, ки Улуғбек сохта буд, дар рушди илми нуҷумшиносии он давра нақши ниҳоят муҳиме бозидааст. Хурофотпарастон ӯро бо фармони писараш соли 1449 кушта, расадхонаро вайрон карданд...

Агар рӯйирост гӯем, айни замон таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар мактабҳо аз қолаби дарси куҳна берун наомадем, ҳанӯз ҳам дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои дилбазан гузаронида мешаванд. Албатта, дар ин самт, хусусан, дар бахши фанҳои дақиқ дастовардҳо ҳам ҳастанд, вале каманд. Ҳамчун омӯзгори собиқадор чанде аз андешаҳои худро оид ба мушкилоти фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод менамоям:

1. Омили аз ҳама асосӣ шаффоф ва одилона сурат гирифтани аттестатсияи омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо мебошад. Бояд назорат дар ин самт пурзӯр карда шавад.

2. Дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони соҳибихтисосу варзида, ки дорои касбияти баланди омӯзгорӣ буда, пешаи худро сидқан дӯст медоранд, ба тариқи озмун ба кор қабул ва бо маоши хуб таъмин карда шаванд.

3. Дарсгоҳҳои химия, биология, физика, математика ва  табиатшиносӣ пурра бо таҷҳизот ва маводи зарурӣ барои гузаронидани таҷриба ва озмоишҳо таъмин карда шаванд.

4. Маоши вазифавии кормандони дарсгоҳҳои фаннӣ зиёд карда шуда, лаборантҳо ҳатман соҳибихтисос ё дорои маълумоти олӣ бошанд.

5. Ба хонандагоне, ки аз фанҳои дақиқ баҳои аъло гирифта, дар оянда омӯзгор шуданиянд, ҳангоми дохилшавӣ имтиёзҳо дода шавад. Дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва макотиби олӣ шартнома баста шавад, то ки донишҷӯ ба тариқи буҷавӣ таҳсил намуда, ҳатман ба мактаб баргардад.

6. Дар як ҳафта 4-5 соат зиёд кардани соатҳои дарсии фанҳои дақиқ мувофиқи мақсад аст. 

7. Бояд дар синфхонаҳо теъдоди хонандагон аз 20-25 нафар зиёд набошанд, зеро дар синфхонае, ки зиёда аз 40 хонанда таҳсил мекунад, кори омӯзгор ба мушкилӣ пеш меравад ва меҳнаташ самараи хуб намедиҳад.

8. Дар тамоми шуъбаҳои маорифи кишвар кори утоқҳои методӣ таҷдиди назар шуда, кор дар ин самт пурзӯр гардад. Роҳбарии хонаи методӣ бар дӯши омӯзгоре вогузошта шавад, ки аз соҳа бохабар аст.

9. Омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он аз фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, ҳатман қадрдонӣ шаванд.

10.Пешниҳод менамоям, ки ба таълими ин фанҳо дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони ихтисосманд, шуҷоъ, ҷиддӣ ва соҳиби иродаи мустаҳкам фаро гирифта шаванд.

11. Мактаби махсуси навоваронро таъсис дода, хонандагони лаёқатманд, ихтироъкор ва навоварро аз тамоми ҷумҳурӣ гулчин карда,  дар он ҷо ба таълиму тарбияи махсус фаро гирифтан даркор аст.

12. Имрӯз омӯзгор  маоше мегирад, ки шароити зиндагии худро қонеъ карда наметавонад, бинобар ин, маҷбур мешавад, ки баъди  дарсҳо ба корҳои музднок машғул шуда, маблағе ба даст орад. Вақте ки шаб ба хонааш монда шуда бармегардад, дигар имкони дарстайёркунӣ надорад. Субҳ сумкаашро гирифта, бе тайёрии пешакӣ вориди синфхона мешавад ва ҳамон дарси дилбазанро оғоз мебахшад.

13. Ҳанӯз ҳам дар баъзе манотиқи кишвар аз тарафи шахсони мутасаддӣ имтиёзҳои аз тарафи давлат муқарраргардида барои омӯзгорон амалӣ намешаванд. Ин кор ба саломатӣ ва рӯҳияи омӯзгорон таъсири бад мерасонад. Масъулин ваъда медиҳанд, аммо иҷро намекунанд. Банда низ ба чунин ҳолат гирифтор шудаам, вале «Сари кафида, зери тоқӣ» гуфта гаштаам.

15. Баҳри ба низом даровардану сифатан беҳтар гардонидани фаъолияти кории дарсгоҳҳои фанниву озмоишгоҳҳо ҳамасола озмуни «Дарсгоҳи  беҳтарини фанҳои дақиқ» ташкил карда шавад...

Барои он ки ин пешниҳодҳо самаровар бошанд, зарур аст, ки барномаи махсусро роҳандозӣ намуда, дастҷамъона «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»-ро дар амал татбиқ намоем.

 

Мутавалӣ  АЛИМОВ,

омӯзгори мактаби №56, 

ноҳияи Сангвор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш