Нашрияи Омӯзгор

Дастоварди арзанда

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Литсейи №1 дар ноҳияи Спитамен соли 1998 ташкил шудааст ва айни замон дар он 410 хонанда таҳсил доранд. Ба таълиму тарбияи онҳо 31 нафар омӯзгорони соҳибтахассус машғуланд. Таълим дар муассиса бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо 5 нафар омӯзгор - Ирина Козлова, Элдар Пулатов, Галина Беспалова, Светлана Ереймеева ва Албина Мурзина аз Федератсияи Россия ба таълиму тарбияи шогирдон машғуланд.

Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ бо роҳбарии директори муассиса Малоҳат Бекмуродова дар таълиму тарбияи шоистаи насли наврас саҳми арзандаи худро мегузоранд. Маҳз дар ин соли пурфайз, дар соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранҷу заҳматҳои онҳо самараи нек ба бор овард. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ байни синфҳои 11 аз ноҳияи Спитамен 17 нафар ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гаштанд. Байни толибилмони ноҳия аз литсейи №1 ҳафт нафар дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ғолиб омаданд. Шуҳратулло Фатҳуллоев, Ӯктам Пулотов аз биология, Беҳрӯз Абдуллоев аз фанни забони давлатӣ, Сарвиноз Бутаева аз забони тоҷикӣ ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гаштанд. Ҳамчунин се нафар толибилми литсей: Яҳё Азимов аз география, Шоҳҷаҳон Туранбоев аз таърих ва Сабрина Муҳаммадиева аз литсейи №1 сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш