Нашрияи Омӯзгор

Санади масъулиятафзо

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Дар танзиму такмил ва самаранокии таълиму тарбия қонунҳо ва риояи онҳо нақши муҳим мебозанд. Махсусан, Қонун «Дар бораи маориф» танзимгари асосии ҷараёни фаъолияти аҳли маориф мебошад ва соҳаро аз нигоҳи бунёди қонунӣ ҳимоя ва раҳнамоӣ месозад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳуриамон қонунҳои зиёде таҳия ва қабул гардиданд, ки як қисми онҳо марбут ба соҳаи маориф мебошанд. Соли 2011 дар мамлакат пас аз муҳокимаи умумихалқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки ҳодисаи муҳиме буд дар ҳаёти аҳли кишвар. Пешвои миллат, Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосии ин қонунро дар боло бурдани нақши волидон дар соҳибмаълумот кардани фарзандон ва омода кардани онҳо ба ҳаёти мустақил муайян намуданд.

Хушбахтона, ҷараёни муҳокимаи ҳамагонӣ собит сохт, ки аҳли ҷомеа нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас бепарвою бетараф нестанд ва дар ин кор мавқеи фаъол доранд.

Умуман, тоҷикон аз қадим нисбат ба қисмати фарзандон бепарво набудаанд ва мунтазам бар он мекӯшидаанд, ки ворисонашон бохираду ботарбия, ҳунарманду хушрафтору накугуфтор бошанд, анъанаҳои неки авлодро ба таври шоиста идома бахшанд. Бисёр ҳикмату мақолҳои халқӣ ба ин далолат мекунанд. Чунончи: «Бача азиз – одобаш аз вай азизтар», «Бача лой – оча кулол», «Фарзанди хуб – боғи падар, фарзанди бад – доғи падар», «Дӯст медорад ҳама фарзанди боодобро»… Адибони тоҷик низ мавзӯи тарбияи фарзанд дар оила ва ҷомеаро дар маркази эҷодиёти худ гузоштаанд ва вобаста ба ин, мавзӯи мазкур ва умуман, панду андарз дар адабиёти классикии мо хеле ривоҷ ёфтааст. Ин мавзӯъ дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Хайём, Ҳофиз, Ҷомӣ, Соиб, Сайидо… мавқеи барҷаста дорад. «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус саропо андарзу ҳикмат ва насиҳати муассиру пурдалел ба фарзандонанд. Инак, чанд намуна:

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

 (Низомӣ)

Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ

Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.

 (Абӯшакури Балхӣ)

Ба пирӣ хидмати модар, падар кун,

Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.

 (Носири Хусрав)

Эй писар, гар ба гуфтан афтад кор,

Ғайри ҳарфи наку магӯ зинҳор!

 (Камолиддини Биноӣ)

Дар қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» уҳдадориҳои волидон вобаста ба вазъи таҳсилу рафтори фарзандон, чораҳо барои иҷро накардани масъулият аз ҷониби падару модар, вазифаҳои муассиса ва ташкилотҳо дар самти омӯзиш ва кирдори насли наврас муайян гардидааст. Таъкид мешавад, ки дар тарбияи фарзандон асосан се неру масъуланд: оила, мактаб ва аҳли ҷомеа. Онҳо бояд дар ҳамбастагӣ, дар асоси маслиҳату машварат бо ҳамдигар амал намоянд.

Аз таҳия, муҳокима ва қабули ин қонуни тақдирсозу инсонофар соли равон расо 10 сол сипарӣ гашт.

Дар ин муддат дар заминаи қонуни мазкур сатҳи таълиму тарбияи насли наврас, воқеан ҳам, хеле боло рафт, масъулияти ҳамагонӣ вобаста ба тақдири ояндасозони Ватан бамаротиб афзуд.

Сайёра ОДИНАЕВА,

мураббияи МИММСҚ

ба номи М.Атоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш