Нашрияи Омӯзгор

Терроризм – масъалаи доғи рӯз

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ мебошад. Рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар давраи таърихӣ дорои мушкилоти хоси худ мебошад.

Экстремизм андеша, фикр, тарғибот ва ғояест, ки дар мафкураи инсон ҳисси бадбинӣ, хашму ғазаб, нафрат, кинаву адоват, душманӣ, ваҳшоният ва харобкориро ҷой дода, ӯро аз андешаи солим дур месозад ва дар натиҷа шахс ба амали террористӣ даст мезанад.

Имрӯз гурӯҳҳои махсуси тарғиботӣ ҳам ба таври озод ва ҳам дар расонаҳои интернетӣ андешаҳои экстремистии худро паҳн намуда, ба рӯҳия ва мафкураи инсонҳо, махсусан, ҷавонон таъсир расонида онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд.

Бояд дар хотир дошта бошем, ки мушкилоти азимтарине, ки то имрӯз роҳи ҳалли пурраи он дарёфт нагардидааст ва дар ҷаҳони муосир, новобаста аз пешрафти илму технология боқӣ мондааст, маҳдудияти мафкуравӣ мебошад. Роҳи ҳалли ин мушкилот содаву осон нест. Агар мо таърихи миллати худро пеши назар орем, фарзандони донишманду соҳибхирад ва дурандешу фозили миллат, ки дар роҳи ҳалли ин мушкилот кӯшишҳо кардаанд ва мафкураи халқро тағйир додан хостаанд ҳамеша ба туҳмату буҳтон гирифтор шуда, сангсор гардидаанд ва кофир хонда шудаанд. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши низоъҳои мазҳабию динӣ, пайдоиши гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дар ин замина, ба майдони ҷанг табдил додани давлатҳо маҳз ҳамин мушкилот мебошад. Як сабаби сар задании ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвари мо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамин мушкилот буд. Гурӯҳҳои махсуси манфиатдор ҷаҳонбинӣ, сатҳи фаҳмишу дониши сиёсӣ, психология, эътиқоди динӣ ва мафкураи моро меомӯзанд ва аз нуқтаҳои заифи мафкуравии мо сӯиистифода карда, моро ба гурӯҳҳо табдил дода, миёни мо низоъ, бадбинӣ ва кинаю адоватро барангехта, мақсадҳои худро амалӣ менамоянд. Натиҷаҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо, пайдоиши гурӯҳҳои террористии «Ал – Қоида», «Толибон», «Давлати исломӣ», ташкили ҷангҳои манфиатхоҳӣ дар Ироқ ва Либия нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳо ва давлатҳои алоҳидаи манфиатдор аз мафкураи хурофотпарастона, ҷаҳонбинии маҳдуд эътиқоди динӣ ва дигар нуқтаҳои заифи мафкуравии шаҳрвандони давлатҳо истифода карда, ин кишварҳоро ба майдони ҷанг табдил медиҳанд. Бояд қайд кард, ки ягон гурӯҳи террористию экстремистӣ дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд намеояд. Онҳо маблағгузорӣ шуда, бо лавозимоти зарурӣ, яроқу аслиҳа таъмин мегарданд ва пуштибонӣ меёбанд. Ин омил дар асри 21 яке аз роҳҳои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии давлатҳои алоҳида ва гурӯҳҳои махсус маҳсуб меёбад.

Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.

 

Ҷамшед Ниёзов,

лейтенанти милитсия


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш