Нашрияи Омӯзгор

Ҳифзи Ватан шараф аст

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар наздаш гузоштаро вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи ҷумҳурӣ сарбаландона иҷро менамояд.

Артиши миллии Тоҷикистон неруи обутобёфта, бошуҷоату ватандӯст ва рукни муҳимми давлатдории миллӣ дониста мешавад. Маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват гардидааст.

Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Бинобар ин, хизмат дар сафи Артиши миллӣ муқаддастарин вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар  мебошад. Вақте шаҳрванд ин вазифаи муқаддасро сарбаландона иҷро менамояд, баъдан ба моҳияти истиқлол, арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд сарфаҳм меравад. Чунки шахс пас аз гузаштан аз ин мактаби мардонагӣ, ба таҳаввулоти мафкуравии гиромидошти ин меъёрҳо, ки омили аслии мавҷудияти ҷомеаи мутамаддин ва ободии рӯзгори ҳар нафар аст, муваффақ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо аксарияти ҷавонони мо ба дарки баланди ватандорию миллатдӯстӣ бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи фарзандияшонро дар назди миллату Меҳан анҷом дода истодаанд, ки ин нишонаи олитарини соҳибватанӣ, миллатдӯстӣ ва ҷавонмардист.

Бояд ҳар як ҷавонписари далеру қавииродаи кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои дар пешгузошта дар таъмини фазои сулҳу суботи имрӯзаи Меҳан ва оромию осудагии мардуми шарифи Тоҷикистон саҳми бузург ва назаррас гузорад. Мардуми шарифи кишвар бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд.

 

С.Ғаффорзода,

омӯзгори мактаби №102,

шаҳри Душанбе 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш