Ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Спитамен бомаром идома доранд. Тавре дар суҳбат ба мо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Баҳодур Мамадализода зикр намуд, аҳли маориф барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста ҷаҳду талош менамоянд.
Айни замон дар назди филиали мактаби №5, деҳаи Мӯрияк сохтмони чор синфхонаи иловагӣ ва як синфхона барои омӯзгорон идома дорад. Синфхонаҳои иловагӣ бо ибтикори соҳибкор Неъматулло Ҷумъаев ва падару модарон сохта шуда, дар он дар ду баст беш аз 250 нафар толибилм таҳсил хоҳанд кард. То имрӯз беш аз 240 ҳазор сомонӣ барои ин кори наҷиб масраф гардидааст ва дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи замонавӣ синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Дар мактаби №7-и деҳаи Тағояки ноҳияи Спитамен 1284 нафар хонанда таҳсил менамоянд ва ба таълиму тарбияи онҳо 82 нафар омӯзгор машғуланд. Ин муассисаи таълимӣ соли 1975 ба истифода дода шуда, дастпарварони он дар аксари соҳаҳои ҳоҷагии халқ ба кору фаъолияти пурсамар машғуланд. Директори муассиса Фахриддин Нуъмонов зикр намуд, ки аз сабаби зиёд будани шогирдон бо дастгирии падару модарон сохтмони се синфхонаи иловагӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар арафаи анҷомёбист.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр