Нашрияи Омӯзгор

 Камбудиҳо ҳалталабанд

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

 «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар маҷлиси васеи раиси шаҳри Хоруғ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки солҳои охир сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ такмил ёфт.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, ҷо ба ҷогузории омӯзгорон ва такмили ихтисоси муаллимон яке аз манбаъҳои фаъолияти хуб дар таълимгоҳҳо гардидааст. Мактабҳои типи нав яке аз заминаҳои рушду баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мебошад.

 Раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонаботов иброз дошт, ки дар шаҳр се муассисаи таҳсилоти шакли нав амал карда истодааст, ки натиҷаи онҳо дар кори таълиму тарбия нисбат ба дигар таълимгоҳҳо фарқ мекунад. Ташкили муассисаҳои рушди барвақтии кӯдак, бозсозии кӯдакистони рақами 1, мавриди истифода қарор додани ду кӯдакистон бо дастгирии шарикони рушд, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва чанд масъалаи дигари соҳа ба қадри имкон ҳалли худро ёфтанд. Таҳсили кӯдакон дар курсҳои беруназмактабӣ низ зиёд гардидааст. Ҳамаи ин омилҳо ба баланд гардидани сатҳи дониши хонандагон мусоидат мекунад. Дар ду соли охир масъалаи дохил шудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷ аз он шаҳодати ин муваффақиятҳо мебошад.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои ҷамъиятшиносӣ – гуманитарӣ дастпарварони муассисаҳои шаҳр се медали тилло, ду нуқра ва се биринҷиро ба даст оварданд.

Раиси шаҳри Хоруғ А. Мирзонаботов қайд кард, ки баробари муваффақиятҳо дар соҳаи маорифи шаҳр ҳанӯз камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Таъмини мактабҳои шаҳр бо воситаҳои аёнии таълим, таҷҳизоти корӣ, компютер, асбобҳои лабораторӣ ва дигар технологияҳо беҳбудии ҷиддӣ металабад.

 

 Ҷ.Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш