Нашрияи Омӯзгор

Фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Сармутахассиси Барномаи рушди барвақтии кӯдаки Фонди тоҷикистонии Оғохон Заррина Қурбонбекова изҳор дошт, ки Барномаи рушди барвақтии кӯдаки Фонди тоҷикистонии Оғохон аз соли 2018 ин ҷониб роҷеъ ба масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаъолият мебарад. Ӯ афзуд, ки солҳои охир фарогирии кӯдакон ба марказҳои инкишофи барвақтӣ аз сесолагӣ оғоз мешуд. Ҳоло дар асоси талаботи Барнома фарогирӣ ба рушди барвақтии кӯдак аз давраи таваллуд то шашсолагиро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, аз ҷониби соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқ лоиҳае матраҳ карда шавад, ки ҳидматрасонӣ ба модару кӯдак аз замони ҳомиладорӣ оғоз карда шавад. Ҳамзамон дастрасии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсилоти томактабӣ яке аз шартҳои барномаи мазкур мансуб меёбад.

Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бояд ба 40 фоиз расонида шавад. Айни ҳол фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо дар вилоят ба 34 фоизро ташкил медиҳад. Дар миқёси вилоят 26 кӯдакистон фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии кӯдакистонҳо 12 муассиса дар деҳаҳо, боқимонда дар марказҳои ноҳия ва шаҳри Хоруғ ҷойгир ҳастанд. Теъдоди кӯдакони аз 1 то 6 - сола 25460 нафарро ташкил медиҳад. 2110 нафар дар кӯдакистонҳо тариқи буҷети давлатӣ, 6465 нафар ба марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак фаро гирифта шудаанд. 16885 нафар кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ ниёз доранд. Дар вилоят 13 маркази хусусии инкишофи барвақтии кӯдак, аз ҷумла, 11 адад дар шаҳри Хоруғ, 1 адад дар ноҳияи Шуғнон ва 1 марказ дар ноҳияи Ишкошим фаъолият менамояд. Марказҳои номбурда аз тарафи Хадамоти Оғохон оид ба маориф ва дигар шарикони рушд сохта шуда, дорои шароити хуби замонавӣ ва бо тамоми таҷҳизоти муҷаҳҳаз таъмин мебошанд.

Одинашоҳ Мардов, сардори раёсати маорифи вилоят қайд кард, ки айни ҳол дар вилоят 297 маркази рушди барвақтии кӯдак амал карда истодаанд, ки қисми зиёдашон дар заминаи муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд.

 Муовини раиси вилоят Амирбекзода Назира оид ба баъзе мушкилоти соҳа ҳарф зада, роҷеъ ба баланд бардоштани сатҳи сифати донишазхудкунии хонандагон, такмили ихтисоси омӯзгорон, ташкили марказҳои хусусӣ ва дигар масъалаҳо пешниҳоди судманд ироа намуд.

 

Ҷ.Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш