Нашрияи Омӯзгор

Рушди илм омили комёбиҳост

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

14-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи вазорат бахшида ба Рӯзи илми тоҷик таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» конфронси илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

Дар конфронс М. Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Неъматзода – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Р. Одиназода – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм сухан намуда, аз ҷумла, зикр карданд, ки маҳз бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, илму маориф ба дастовардҳои беназир ноил гардиданд.

Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат”, таъсиси ҷоизаҳои давлатӣ, пайваста зиёд намудани стипендияҳо, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои олӣ барои олимон аз ҷумлаи иқдомҳоеанд, ки маҳз ба хотири рушди соҳаи илм ва маориф роҳандозӣ гардидаанд.

Сипас, Н. Сайдализода – сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм дар мавзӯӣ «Омодакунии кадрҳои илмӣ: мушкилот, рушд ва дурнамо» ва М.Ҳусейнзода – дотсенти кафедраи истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи «Истифодаи наноматериалҳо, дастгоҳҳо ва системаҳои техникӣ дар рушди саноаткунии кишвар» маърӯза намуданд.

Дар анҷоми конфронс бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ба як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олию илмии кишвар Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тақдим гардид.

 

Маркази матбуоти

Вазорати  маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш