Нашрияи Омӯзгор

Тақдими маводи санитарӣ-гигиенӣ ба муассисаҳои таълимӣ

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

14-уми апрели соли равон ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии  Фонди Xylem (ИМА) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони кару гунги ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи Нақшаи умумиҷумҳуриявии назорат ва пешгирӣ аз сироятёбӣ маводи зарурии санитарӣ-гигиенӣ тақдим намуд.

Дар маросими мазкур Латофат Назирӣ - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Алберто Бянколи - мудири шуъбаи маорифи намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Зайнаб Ал-Аззави - намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Энтони Асие - мудири бахши тандурустӣ ва як қатор хонандагону омӯзгорони муассисаи мазкур иштирок карданд.

Латофат Назирӣ - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки вазорат кӯшишҳои ЮНИСЕФ ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла, ҳукумат, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро дар самти беҳтар намудани муҳити таълим дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва таъмини амнияти кӯдакон қадр мекунад.

Алберто Бянколи изҳор дошт, ки дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва маводи санитарӣ-гигиенӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд боз ҳам беҳтар карда шавад, то хавфи сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, COVID-19 пешгирӣ карда шавад. Риояи шартҳои одӣ, ба мисли шустани дастҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ хавфи паҳншавии бемории сироятиро коҳиш медиҳад.

Ин иқдом дар 100 муассисаи таълимии кишвар амалӣ гардида, маводи пешниҳодшуда барои мусоидат ва тарғиби беҳдошти саломатӣ тавассути шустани дастҳо, тоза ва безараргардонии биноҳои таълимӣ, таъмин намудани таҷҳизот барои истифода ва нигоҳдории иншооти санитарӣ-гигиенӣ, воситаҳои муҳофизатии шахсӣ барои кормандони муассиса равона шудааст ва тақрибан 38 ҳазор омӯзгор ва хонанда, аз ҷумла, маъюбон аз ин дастгирӣ баҳравар хоҳанд шуд.

Маркази матбуоти

Вазорати  маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш