Нашрияи Омӯзгор

Бемасъулиятӣ то ба кай?

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Аз мавриди амал қарор гирифтани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 7 сол сипарӣ гардид. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра аз ҷониби шуъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Бояд ёдрас шавем, ки қонуни мазкур аз 6 бобу 17 модда иборат буда, лоиҳаи он пеш аз қабул шуданаш дар муҳокимаи умумихалқӣ буда, фикру мулоҳизаҳои падару модарон ва аҳли ҷамъиятчигӣ пурра ба назар гирифта шудааст. Мақсаду мароми қонуни мазкур пурра аз тарафи шахсони масъул ба падару модарон, омӯзгорону хонандагон фаҳмонида шудааст. Барои амалӣ намудани қонуни мазкур дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳо  комиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати қонун созмон дода шуда, кори худро дар ин самт ҷоннок намуданд. Аз ҷумла, аъзои комиссия дар деҳоту марказҳои ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳо ва  маҳаллаҳои аҳолинишин бо падару модарон ва шахсони масъул вохӯрию суҳбатҳо доир менамоянд. Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва Фархор аз ҷониби комиссияи мазкур мавриди омӯзишу санҷиш қарор дода шуд. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб комиссияи доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, тибқи низомномаи комиссия оид ба назорати иҷрои қонуни зикршуда фаъолият дорад. Тавре ки дар суҳбат Оминаи Ашӯрмад, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иброз дошт, дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 3 маротиба ҷаласаи комиссия ва 2 маротиба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мутобиқгардонии масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбони шаҳри Кӯлоб ва 25 суҳбату вохӯрӣ бо падару модарони хонандагон гузаронида шудааст. Барои муайян намудани хонандагони аз таҳсил дурмонда ва дар вақти таҳсил ба дигар корҳо машғул гардида зиёда 20 амалиёти муштараки мақсадноки профилактикӣ дар бозору хиёбонҳои шаҳр бо номи «Наврас», «Гадоӣ», «Бозор», «Оворагард» ва «Салафанфурушӣ» гузаронида шуда, дар натиҷа 121 нафар ноболиғ дар вақти  қонунвайронкуниҳо ба даст афтодааст.  Дар ин самт, новобаста ба иҷрои талаботҳои моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни мазкур, ки уҳдадориҳои падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд пешбинӣ мекунад, нисбат ба 71 нафар падару модар протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз тарафи суди шаҳри Кӯлоб аз 50 нафар ба маблағи 7500 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Бояд қайд намуд, ки аз тарафи масъулини муассисаҳои таълимӣ ва ШВКД-и шаҳр чорабиниҳои профилактикӣ ва бо падару модарон маҷлисҳо гузаронида шуда бошад ҳам, ҷавобгӯи талаботи имрӯз нест. Санҷиши раёсати маорифи шаҳр нишон дод, ки масъулини маориф дар ин давра оид ба иҷрои қонуни мазкур вазифаҳои худро тибқи низомномаи комиссияи ҳуқуқи кӯдак ба роҳ монда, назорати қонуни мазкурро ба танзим даровардааст.Мутасаддии соҳа чузвдони нақша-чорабиниҳо дошта,  суҳбату вохӯриҳоро бо падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидааст. Дар ноҳияи Восеъ Саидҷаъфар Мирзоев, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ  қайд намуд, ки дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 7 маротиба ҷаласаи комиссия ва  25 суҳбату вохӯриҳо бо падару модари хонандагон гузаронида шуданд. Дар 77 муассисаи таълимии ноҳия комиссияи ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак созмон ёфта, дар асоси низомномаи худ аз рӯи нақша - чорабиниҳои комиссия фаъолият мекунанд. Дар давоми 4 моҳ аъзои комиссияи ноболиғон дар ҳамкорӣ бо кормандони прокуратура ва ШВКД-и ноҳия зиёда аз 24 амалиёти профилактикӣ дар бозору ҷойҳои ҷамъиятии ноҳия гузаронида, нисбат ба 221 нафар ноболиғ, ки дар ҳолати оворагардӣ, мевафӯрушӣ, салафанфӯрушӣ, ва  аробакашӣ дар бозори деҳаи Қурбоншаҳид дастгир гардидаанд, суҳбат гузаронида шудааст. Ҳолатҳои қонунвайронкунии ноболиғон дар комиссияи ҷамъиятии муассисаҳои таълимӣ муҳокима карда намешавад.  Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои таблиғотиро дар байни омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва аҳли ҷомеа ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷоннок намуда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ рафти иҷрои қонун мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Новобаста аз корҳои иҷрошуда, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои масъул моро қаноатбахш карда наметавонад. Кам нестанд падару модароне, ки бо муассисаҳои таълимӣ алоқаи доимӣ надоранд ё умуман ба мактаб нарафтаанд ва ё  моҳияти қонунро дуруст дарк накардаанд. Фақат дар нимсолаи аввали соли 2017 нисбат ба 73 нафар волидайни хонандагон ҷавобгарии маъмурӣ таъйин гардида, ба маблағи 5100 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. Дар ин давра ягон ҳолати ҳодисаи даст задани ноболиғ ба қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта нашудааст, ки аз ҷоннок гардидани назорати қонуни мазкур дар маҳалҳо мебошад. Ноҳияи Фархор яке аз ноҳияҳои калонтарини минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб рафта, ба сарҳади давлати Афғонистон дар масофаи наздик ҷойгир шудааст. Тибқи фармоиши раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 13.01.2018 дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби омӯзгорону падару модарони хонандагон дар ҳайати 7 нафар комиссияи ҷамъиятӣ созмон дода шудааст. Аъзои комиссия дар асоси нақша - чорабиниҳои тасдиқгардида барои амалисозии ин қонун бо омӯзгорону хонандагон ва волидайни онҳо суҳбату вохӯриҳо дар маҳалҳо доир намуда, масъулияти муассисаҳои таълимӣ, волидайн ва умуман ҳамагонро нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон дучанд мегардонанд, то онҳо дар ин тадбирҳои судманд, ки аз он оила, мактаб ва ҷомеа манфиат баранд, бетарафӣ зоҳир накунанд.     

Дар вилояти Хатлон нисбат ба 6433 нафар падару модарон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст ва аз 4207 нафар ба маблағи 519270 сомонӣ ҷарима  ситонида шуда, ба 1197 нафар огоҳӣ, парвандаи 887 нафар мавриди баррасӣ дар суд қарор дорад. 

Имрӯз оилаҳое ҳастанд, ки зану шавҳар бо якдигар муносибати хуб надоранд, ё ин ки аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекунанд.Ба фарзандонашон муносибати дуруст карда наметавонанд. Дар ин ҳолат тарбияи фарзанд тағйир ёфта, рафта – рафта вайрон мешавад. Тибқи ҳисоботи омории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 теъдоди заноне, ки  даст ба худкушӣ задаанд, 164 нафарро ташкил мекунад. Лекин ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила 15,42% афзоиш ёфта, теъдоди нафароне, ки гирифтори хушунати хонаводагӣ шудаанд, аз 18% бештар шудааст. Албатта, дар чунин шароит зиндагӣ кардани ноболиғ боиси аз зиндагӣ розӣ набудани ӯ шуда, одобу ахлоқаш тағйир ёфта, даст ба корҳои ношоям мезанад.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш