Дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳар шанбеи сеюми апрел ҳамчун Рӯзи пойтахт-шаҳри Душанбе таҷлил мешавад ва ба ин муносибат тадбирҳои гуногуни тантанавӣ баргузор мегарданд. Дар муассисаҳои таълимӣ низ Рӯзи пойтахтро бо барномаҳои идона, чорабиниҳои пурмуҳтаво таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат дарсҳои тарбиявӣ, вохӯриву конфронсҳо, маҳфилҳои адабӣ ороста мешаванд. Дар давоми дарсҳои муқаррарӣ низ чанд лаҳза дар бораи шаҳри Душанбе ва анъанаи таҷлили Рӯзи пойтахт ба хонандагон маълумот додан манфиатовар хоҳад буд. Нақли омӯзгор аз ин лиҳоз метавонад ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти пойтахт, чун таърихи он, хиёбонҳои он, марказҳои фарҳангии он, аҳолӣ ва ҷуғрофиён он… бахшида шавад. Аз ҷумла, дар бораи боғҳои шаҳри Душанбе ба шогирдон маълумот ироа кардан ҷолибу муфид хоҳад буд. Нахуст омӯзгор таъкид мекунад, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд дар бораи пойтахти ҷумҳурӣ маълумоти зарурӣ дошта бошад. Душанбе-дили Ватани мо, ифтихори мост. Дар қатори дигар махсусиятҳояш Душанбе боғшаҳр, макони сарсабзу хуррам аст. Боғҳои пойтахт хеле зебою оростаанд, ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам менамоянд, онро ба як марзи ҳамешабаҳор табдил медиҳанд. Инак, дар бораи чанде аз боғҳои пойтахт маълумот медиҳем. Яке аз боғҳои дерину дилрабои шаҳр Боғи ғалаба мебошад. Он дар теппаҳои шарқии Душанбе воқеъ буда, соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд ёфтааст. Ба таркиби боғ пайкараҳо, майдончаҳои назоратӣ, зинапояҳои ороста, гулгашту сабзазорҳо, силсилаи ҳавзҳо, суфачаҳо… дохил мешаванд. Дар ороиши боғ сангҳои табиии гуногунҷинс, филизоти ранга истифода шудаанд. Дар Боғи Ғалаба ҳар сол ба ифтихори Рӯзи Ғалаба - 9 май намоиши ҳарбӣ баргузор мешавад. Ҳар рӯз одамони зиёде ба тамошои боғ меоянд ва аз баландӣ манзараи умумии шаҳрро пеши назар оварда, ҳаловат мебаранд. Боғи дигари пойтахт Боғи дӯстии халқҳо ном гирифтааст. Он фарҳангиву истироҳатӣ буда, дар қисми ҷануби соҳили рости дарёи Душанбе, дар миёнаи маҳаллаи истиқоматӣ ҷойгир мебошад. Ин мавзеи дилрабо дарахтону гулгаштҳо ва ороишоти зиёд дораду ҷои писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст. Солҳои охир Боғи дӯстии халқҳо аз нав тармиму такмил ёфт, дилработар гашт. Ҳайкали барқади шоири бузург Абулқосим Фирдавсӣ ин боғро шукӯҳи тозае эҳдо намудааст.
Яке аз боғҳои қадимию марказӣ ва бошукӯҳу писандида дар шаҳри Душанбе Боғи устод Рӯдакӣ мебошад. Он нахустин боғи фарҳангию мадании пойтахт буда, ҳанӯз соли 1932 таъсис ёфтааст. Нахуст ин боғ ба номи В.И.Ленин буд, соли 2008 ба номи устод Рӯдакӣ гузошта шуд. Дар маркази боғ дар иҳотаи фаввораҳо муҷассамаи овони ҷавонии устод Рӯдакӣ қомат афрохтааст. Дар пояи он ба ифтихори ҷашнвораҳои миллӣ маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд. Боғ бо дарахтони зиёди нодирнавъ, гиёҳу буттаҳо, фаввораву гулзорҳо, роҳравҳои мунаққаш ороста шудааст. Боғи устод Рӯдакӣ ҳуснафзои пойтахт, ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин, боғҳои дигар – Боғи марказии ботаникӣ, Боғи Парчами миллӣ, Боғи устод Айнӣ, Боғи ҷавонон, Боғи ҳайвонот… мавҷуданд, ки ҷойҳои писандидаи ҳамагон мебошанд.
Маълумот дар бораи пойтахт, пеш аз ҳама, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстии хонандагонро тақвият мебахшад.
Мавлудахон Ширинова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр