Нашрияи Омӯзгор

Таҳқиқоти педагогӣ аз чӣ оғоз меёбад?

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

15 апрели соли равон ба муносибати Рӯзи илм бо ташаббуси шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Таҳқиқоти педагогӣ аз чӣ оғоз меёбад?» баргузор гардид. Дар ҳамоиш ноиби Президенти АТТ Ирина Каримова, доктори илмҳои педагогӣ, академики АТТ Файзулло Шарифзода, доктори илмҳои педагогӣ Саъдулло Неъматов, мудири шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии АТТ Сайфиддин Камолзода, унвонҷӯёну аспирантон ва кормандони илмии АТТ, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Ирина Каримова баргузории чунин семинарҳоро иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ки пажӯҳишҳои ояндасози илм дар заминаи консепсияҳои дурнамои таълим, тарбия, арзёбӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, таълим ва дониш анҷомёфта талаби рӯз мебошад. Чунин муносибат тақозо дорад, ки ақидаҳои педагогии ниёгон, методологияи нави таҳқиқотҳои педагогӣ, инкишофи таҳсилот, назариёт ва амалияи педагогӣ, ҳамгироии илм ва маориф, таълими ҳамгиро ва тафриқа дар раванди таҳсилоти муосир ва монанди инҳо аз ҷониби пажӯҳишгарон ба таври бунёдӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шаванд.  

Файзулло Шарифзода дар мавзӯи «Таҳқиқоти педагогӣ ва арзиши илмии он» сухан ронда, аз ҷумла, иброз дошт, ки дар навиштани рисолаи илмӣ бояд роҳбареро интихоб намуд, ки салоҳияти роҳбари илмӣ буданро дорад ва кори унвонҷӯро хуб ба роҳ мемонад. Дар кори илмӣ қисмати асосиро муқаддимаи рисола ташкил медиҳад, зеро дар он ҳадафу мақсади олими оянда дарҷ мегардад. Пасон, унвонҷӯ бо машварату маслиҳати устоди роҳнамояш вазифаҳои рисоларо мувофиқи талабот муайян мекунад. Боз як маслиҳати дигар ин аст, ки унвонҷӯён бояд дар назди худ вазифаҳои зиёдро нагузоранд. Китоби «Масоили мубрами таҳқиқоти педагогикаи муосир»  роҳи дурусту самарабахши интихоби мавзӯъҳои таҳқиқотӣ, самту масъалаҳои мубрами илми педагогикаи муосирро дар бар мегирад ва муҳаққиқон, унвонҷӯён, аспирантон, докторантҳо ва дигар пажӯҳишгарони илми педагогика ва соҳаи маориф метавонанд аз онҳо истифода кунанд. Саъдулло Неъматов иброз дошт, ки навиштани рисола, анҷом додани кори таҳқиқотӣ меҳнати шабонарӯзиро талаб мекунад ва ашхосе, ки ба ин кор машғул мешаванд, бояд ба мушкилоту масъалаҳо дар ин самт  омода бошанд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш