14-уми апрели соли равон Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммад Акил - ҷонишини Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия вохӯрӣ анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир гашт, масъалаҳои таъсиси Донишгоҳи технологияи иттилоотӣ дар Тоҷикистон, ташкили квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия аз ҷониби ин ширкат ва ба ин васила, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф ва илм ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду донишгоҳи кишвари Малайзия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
М. Имомзода – вазири маориф ва илм таъкид кард, ки робитаҳо дар соҳаи маориф ва илм дар доираи созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ бояд тақвият ёбанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариш ёфтани ин робитаҳо чораҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Муҳаммад Акил – ҷонишини Президенти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия иброз дошт, ки мулоқот бо вазири маориф ва илм ҳам барои ҳарду тараф аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Мавсуф зикр кард, ки ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия яке аз ширкатҳои бонуфузи ин давлат ба ҳисоб рафта, ҳоло дар 25 кишвари ҷаҳон фаъолияти худро дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, неругоҳҳои барқӣ, иқтисоди рақамӣ, сохтмон ва ғайра ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, таҷрибаи таъсиси донишгоҳҳо дар дигар кишварҳои хориҷаро ҳам дорад, ки дар ин самт низ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
-Роҳбарияти ширкати «Serba Dinamik Holding Berhad» ният дорад, ки бо иҷозати мақомоти Тоҷикистон як донишгоҳи технологияи иттилоотиро дар кишвар ҳамчун макони омӯзиши таҷрибаи фаъолияти пешсафи ин ширкат ба шаҳрвандони Тоҷикистон таъсис диҳад, - афзуд Муҳаммад Акил. Дар сурати пазируфта шудани ин пешниҳоди ширкат аз ҷониби Тоҷикистон, маблағгузорӣ барои сохтмон ва фаъолияти минбаъдаи онро ширкат ба зиммаи худ гирифта, низоми таҳсил ва мудирияти донишгоҳ мувофиқ бо стандартҳои байналмилалӣ ва ҷавобгӯ бо талаботи қонунгузории Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самтҳо, хусусан, таъсиси донишгоҳ, ташкили паркҳои технологии ширкати мазкур дар назди чанде аз донишгоҳҳои Тоҷикистонро қобили дастгирӣ арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати амалӣ гардонидани ин ҳадафҳо изҳор намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр