Нашрияи Омӯзгор

Ватан, аз ҳастии ту ҳастии мост

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Истиқлол муҳимтарин, муқаддастарин ва волотарин муқаддасот ва дастоварди миллат аст. Он муаррифи кишвар, барҷастатарин нишону далели ҳастии давлату мамлакат маҳсуб мешавад. Тамоми халқҳою кишварҳои олам пайваста баҳри соҳибистиқлол будану озодии комил доштан мубориза бурдаанд. Чунин азму иродаву ҳадафро халқи тоҷик асрҳо боз дар дил мепарварид ва орзуи халқу миллату давлати мустақил шуданро дошт. Танҳо дар интиҳои садаи бистум ба ин халқи куҳанбунёду тамаддунпарвар соҳибистиқлолӣ муяссар гашт ва соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ кард. Акнун сӣ сол мешавад, ки тоҷикон мустақилона давлатдорӣ мекунанду баҳри таҳкиму пойдории истиқлолашон кору пайкор менамоянд.

Истиқлол дар баробари шарафу ифтихор буданаш масъулият ҳам ҳаст ва аз ҳар як шаҳрванди мамлакат тақозо дорад, ки баҳри ободии Ватан, рушду такомули тамоми соҳаҳои он ҳиссагузор бошад. Дар қатори тамоми сокинони кишвар аҳли аҳли маориф низ масъуланд, ки ҳамеша посдору рушдбахши истиқлолу пояҳои он бошанд. Аз ин лиҳоз яке аз самтҳои муҳими фаъолияти аҳли таълиму тарбия тақвияти тарбияи хештаншиносӣ ва ифтихори миллию ватандӯстии насли наврас мебошад. Мафҳумҳои худогоҳию ваҳдат ва ифтихор аз истиқлоли Ватан бояд дар маркази ҷараёни тарбияи хонандагон қарор дошта бошанд.

Олими номвари тоҷик, педагоги варзида, академик М.Лутфуллозода мафҳуми худшиносии миллиро чунин тафсир бахшидаанд: - худро дарк кардан, дарёфтан; - худро ҳамчун шахс эҳсос кардан; - мувофиқи рафтору кирдори худ ба таври шоиста ба ҳама муносибат доштан; - ба кору кирдори худ, тафаккур ва ҳиссиёти худ, хоҳишу ҳаваси худ, донишу доираи назари худ баҳои воқеӣ дода тавонистан.

Дар тарбияи ифтихори миллӣ муҳим он аст, ки шогирдон дар бораи таърихи миллат маълумоти саҳеҳ дошта бошанд, чеҳраҳои сарсупурда, қаҳрамонони халқро шиносанд, оид ба ҷуғрофиё, табиат, сарватҳои миллӣ, муқаддасоти миллат дониши кофӣ ба даст оранд, худро барои рушди кишвар масъул донанд, рафтору гуфторашон ҳамидаю писандида бошад.

Ифтихори миллӣ аз ҳар як хонандаи мактаб оид ба Конститутсияи ҷумҳурӣ маълумот доштанро тақозо дорад.

 Конститутсия муҳимтарин санади миллат аст, ки ҳастӣ, сохтору шакл, ҳадафу омилҳо ва вазифаҳои давлатро ба таври дақиқ муайян месозад. Ин ҳуҷҷати асосии мамлакат Тоҷикистонро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон кардааст. Бо тафсири омӯзгор хонандагон бояд моҳияти ин нуктаи Конститутсияро бифаҳманд ва дар сатҳи муайян шарҳ дода тавонанд.

Мафҳуми ифтихори миллӣ, ҳамчунин, бо ифодаҳои дӯстиву ягонагию ҳамдилӣ, тафаккури миллӣ, шинохти миллат, таҳсили шоиста, хидмат дар Артиши миллӣ, донистани қонунҳо... алоқаи қавӣ дорад.

Ба забони тоҷикӣ, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, арҷ гузоштан, мақому тозагии онро пос доштан, Суруди миллиро азёд донистан, Парчаму Нишони миллиро шинохтану моҳияташонро шарҳ дода тавонистан низ аз шартҳои дорои муҳими ифтихори миллӣ будан мебошад. Бисёр хуб аст, чун ҳар хонанда дар бораи Ватан, Тоҷикистон, ифтихори миллӣ, ваҳдат, дӯстӣ ва муқаддасоти кишвар шеърҳо азхуд намояд, асарҳо мутолиа бикунад.

Муҳаббат Ҳабибуллоева,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш