Миллати тоҷик аз нигоҳи таърих чун миллати сулҳхоҳ ва фарҳангӣ арзёбӣ мешавад. Ваҳдату ягонагӣ пойдевори ҳастии ин миллат аст. Ҳарчанд ин тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо ба парокандагию сарсониҳо дучор шуд, вале боз ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагӣ рӯ овард, ки як нишонаи садоқат ба арзишҳои созандагист. Ҳамагон дар ёд дорем, ки дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизамонро гурӯҳҳои тундгаро, бадхоҳони миллат ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мусаллаҳона кашиданд. Ҷанги шаҳрвандие, ки ба вуқӯъ пайваст, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор бегуноҳ гардид.
Дар яке аз суханрониҳои худ наҷотбахши миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба ин нукта таъкид карда буданд, ки “даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд”.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози умед бастани миллати тоҷик ба зиндагии пурсаодат ба шумор меравад. Бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор гардид.
Мардуми моро ин падидаи ҳаётбахш аз вартаи нобудӣ наҷот дод. Имрӯз халқи шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу осоиш зиндагии хушу хуррамро ихтиёр карданд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон собит сохт, ки ҳар як миллати сулҳхоҳ метавонад ба сулҳи деринтизор бирасад. Сулҳи Тоҷикистон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавон умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати пояндаро зинда намуд.
Сулҳу ваҳдат арзишҳои муқаддаси башарӣ буда, осоиштагии сайёраро таъмин мекунанд. Сулҳ оштиву озодӣ, якдигарфаҳмӣ ва бақои миллатро таъмин мекунад. Ваҳдат арзишест, ки хамирмояи он аз ҳамдигарбахшӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, мардонагӣ, баҳамоӣ, таҳаммулпазирӣ сиришта шудааст.
Нишоти мо ҳамин Сулҳ асту
Ваҳдат,
Каломи беҳтарин Сулҳ асту
Ваҳдат.
Фирӯзҷон АРАБЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи
давлатии Данғара
Иловакунӣ
Иловакунии фикр