Нашрияи Омӯзгор

Ҷаласаи якуми Шӯро баргузор гашт

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосӣ аз таъсиси Шӯрои мазкурро баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа арзёбӣ карданд.

Дастовардҳои солҳои охири олимони кишварро таҳлил намуда, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи олимони мо дар муқоиса бо талаботи замон, алалхусус, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар қонеъкунанда нестанд.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои илму инноватсия, пайвандии илму истеҳсолот Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, доктори илмҳои химия, директори Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икром, директори институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ориф Амирзода, ходими илмии Маркази инноватсионӣ оид ба омӯзиши маводи табиии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаррух Шарофов, сарходими илмии Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зайниддин Муҳиддинов ва дотсенти кафедраи “Ҳимояи релеӣ ва автоматика”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Борбад Мирзозода бо таклифу пешниҳодҳо барои рушди илму инноватсия дар Тоҷикистон баромад карданд.

 

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш