Нашрияи Омӯзгор

Гуфтугӯ дар мавзӯи муҳим

Сана: 2021-04-21        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

Дар филиали коллеҷи тиббии ноҳияи Ванҷ таҳти мавзӯи «Пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва рӯй овардан ба сару либоси  миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар кори он намояндагони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бахши кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин ва маркази тарзи ҳаёти солими ноҳия иштирок намуда, доир ба кор бурдани расму русуми аҷдодӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инкишофи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа сухан карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ байни донишандӯзони коллеҷи тиббӣ ва намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бахши кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин ва маркази тарзи ҳаёти солим мубодилаи афкор ба амал омад.

 

Сурмаи пешсаф

Аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншоҳ Назаршоев магистранти донишгоҳ Сурма Каримова, зодаи деҳаи Миденшарви ноҳияи Роштқалъаро барои ҳимоя намудани шарафи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастхобонӣ дар вазни 80 кг ва сазовор шудан барои ҷои якум самимона табрик карданд.

Сурма Каримова, ҳамзамон, барои ғолибият бо медалу дипломи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода мушарраф гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҷ.Қозибеков,  «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш