Оби тоза яке аз омилҳои муҳими зиндагӣ барои инсоният ба шумор меравад ва тандурустии инсон низ аз он вобастагии калон дорад.
Мутаассифона, баъзан одамон ин нуктаро қатъи назар намуда, обро азиз намедоранд, ҳол он ки онро дар таркиби ҳамаи ашёҳои зиндаву ғайризинда дидан мумкин аст. Бе об зинда мондани организмҳо ғайриимкон мебошад. Инсоният обро натанҳо барои худ сарф мекунад, инчунин, дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва дигар соҳаҳо барои беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ истифода бурда, маҳсулоти зиёдро ба даст меорад. Аз ин рӯ, инсониятро зарур аст, ки пайваста барои тоза нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани об кӯшиш намояд. Дар ҳама давру замон инсоният оби тозаро манбаи ҳаёт ва гарави саломатӣ донистааст. Дар айёми пешин аз сабаби кам будани аҳолӣ ва дигар омилҳо ба таркиби оби тоза хавфи зиёд таҳдид намекард. Дар замони мо аз сабаби зиёд шудани аҳолӣ, шаҳрҳо, заводу фабрикаҳо ва заминҳои кишт масъалаи ҳифзи оби ҷиддан ба миён омад. Масалан, дар оби партови аксар корхонаҳои саноат миқдори зиёдӣ мис, рӯҳ, марги муш ва ғайраҳо мавҷуд аст, ки ҳангоми ба дарёҳо ва кӯлҳо ҳамроҳ шудан обро заҳролуд мекунанд. Аз ҳисоби партовҳои рӯзгор низ ифлосшавии об зиёд ба чашм мерасад. ҳангоми вайрон шудани қубурҳо ва ба обҳои равон ҳамроҳ шудани партовҳои ошхонаҳо ва марказҳои савдо низ ифлосшавии об ба амал меояд. Дар деҳаҳо аз сабаби набудани қубур ахлоти ҳайвонҳо ва дигар партовҳо гоҳо ба оби тоза ҳамроҳ шуда, онро ифлос мекунанд. Албатта, ин гуна обҳо барои нӯшидан хатарнок мебошанд, одамонро ба касалиҳои зиёд гирифтор мекунанд. Гарчанде Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи оби тоза дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол мекунад ва мо аз он танқиси намекашем, бояд обро сарфакорона истифода бурда, тоза нигоҳ дорем. Умуман, масъалаи тозагии об ва истифодаи сарфакоронаи ин манбаи асосии ҳаёт бояд мудом дар мадди назари ҳар як сокини сайёра бошад. Бетарафӣ ва фориғболӣ нисбат ба ин масъала бешарафист, бепарвоӣ ба имрӯзу фардои замини нозанин аст.
Маҳмадризо ГУЛОВ,
омӯзгори химияи мактаби №30, деҳаи Марғеб,
ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр