Нашрияи Омӯзгор

Имомалӣ Нуралиев

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

22 апрели соли 2021 дили инсони наҷиб, омӯзгори собиқадор, рӯзноманигор ва адиби муваффақ Нуралиев Имомалӣ аз задан бозмонд. Имомалӣ Нуралиев 12-уми майи соли 1943 дар деҳаи Саксанохури (ҳоло Куҳандиёр), Ҷамоати деҳоти «Ватан»-и ноҳияи бостонии Фархор, дар оилаи омӯзгор (иштирокдори ҶБВ) Муродов Нуралӣ ба дунё омадааст. Маълумоти 7-соларо дар деҳаи худ гирифта, баъдан мактаби миёнаи №2-и ба номи С. Айниро дар маркази ноҳия хатм кардааст.

И. Нуралиев соли 1962 ба факултаи филологияи тоҷики Институти педагогии ба номи Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон  ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, соли 1967 онро бомуваффақият хатм кардааст.

Баъди адои хизмати ҳарбӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 ва 2-и ноҳияи Фархор аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Солҳои зиёд роҳбарии иттиҳодияи методии муаллимони забон ва адабиёти тоҷики ноҳияро ба дӯш дошт. Дар саҳифаҳои маҷаллаи «Мактаби Советӣ» (ҳоло «Маърифати омӯзгор») ва рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло ҳафтаномаи «Омӯзгор»), ҳамчунин, дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ маҷмӯи хабарҳо, мақолаҳои илмию методӣ, ҳикояҳо ва очеркҳояш мунтазам чоп мешуданд.

Солҳои 1997-2001 дар рӯзномаи ноҳиявии «Гулистон» ба ҳайси ҷонишини муҳаррир ва котиби масъул кор карда, минбаъд фаъолияташро то рӯзи ба нафақа баромадан дар нашрияи  ҲХДТ - «Минбари халқ» идома бахшидааст.

Ӯ муаллифи китобҳои «Тақдири муаллим» (2002), «Дили бузурги муаллим» (2003), асари тахассусии «Заҳматҳои 70-сола» (2003), маҷмӯаи ҳикояҳои «Дар қаламрави париён» (2004), маҷмӯаи шеъру достон ва манзумаи бачагонаи «Боғи Рустам» (2004), маҷмӯаи «Печу тоби зиндагӣ» (2006), маҷмӯаи ҳикояҳои «Суруди Людмила» (2009), «Маҳбуби ҳама» (2013), «Панди омӯзгор» (2013), «Зиндагӣ ва ишқ» (2018) мебошад.

Имомалӣ Нуралиев аз давраи ҷавонӣ, ҳамчунин, бо радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ҳамкории пайваста дошт ва муаллифи як қатор барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ буд. Аз ҷумла, радиоочерки «Анвар-ота» (1980) ва очерки телевизионӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, фидоии соҳаи маориф Одина Гадоӣ (1980) аз ҷониби шунавандагону тамошобинон баҳои баланд гирифтаанд.

Хотираи неки ин марди шарафманду пуркор ҳамеша дар дили аҳли маориф ва илму адаб боқӣ хоҳад монд.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш