Падару модарон ҳанӯз аз овони хурдӣ бояд ба мутолиаи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд. Китобхон кардани фарзандон аз вазифаҳои нахустини волидайн ба шумор меравад. Да гузашта ниёгони мо ҳангоми дар гаҳвора хобондани кӯдак зери болини ӯ китоб мегузоштанд, то ки аз хурдӣ меҳри китобхонӣ дар қалби ӯ лона гузорад.
Агар кӯдакро аз хурдӣ бо китоб қарин гардонем, вай онро мисли бозичаҳои худ ба даст гирифта, бозӣ мекунад, суратҳои рангаро тамошо карда, ба ваҷд меояд. Ҳар гуна бозича ба зудӣ ба дилаш мезанад, вале китобҳои рангаву суратдор ҳамеша диққати ӯро ба худ ҷалб мекунанду онҳоро гаштаву баргашта ба даст мегирад. Ин, албатта, сабаб дорад. Равоншиносон муайян кардаанд, ки дар кӯдак се навъи истеъдод азалист: сурудхонӣ, расмкашӣ ва рақсу бозӣ. Ҳар се истеъдод бе китоб рушд нахоҳад кард. Барои сурудан китоб даркор, зеро шеър аз китоб интихоб мегардад, барои расмкашӣ низ қаламу коғаз зарур, ниҳоят, кӯдакон бо китоб ҳам бозӣ карда, онро варақ мегардонанд. Дар чунин ҳолат меҳри онҳо нисбат ба китоб пайдо шуда, минбаъд он меафзояд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ навъҳои зиёди воситаҳои омӯзиш- қаламу коғаз, китобу дафтарҳои мувофиқ ба синну соли бачаҳо, албомҳои суратдор ва ғайра фаровон аст. Волидайнро зарур аст, ки навъи дилхоҳи чунин воситаҳои таълимро харида, тарзи корбарии онҳоро ба фарзандон омӯзанд. Суханони таҳсиномез гуфтан ба фарзандон онҳоро ба хондану навиштан рӯҳбаланд мегардонад. То рост шудани дасти наврасон онҳоро бояд роҳнамоӣ кард. Хуб мешуд, ки падару модарон дар хона ҷевони китобмонӣ ташкил намуда, онро бо китобҳои бачагона пур намоянд.
Ҳангоми хонандагонро ба сайри китобхонаи мактаб ворид гардонидан диққаташонро ба рафҳои бо китобҳои зебои бо расмҳо орододашуда бояд ҷалб намуд. Онҳо, бешубҳа, баъд аз ин ба шавқу завқи зиёд машғули мутолиаи китоб мегарданд. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беҳтарин иқдом аст, барои китобхон кардани наврасону ҷавонон ва кулли мардуми кишварамон. Акнун шогирдон китобҳои дилхоҳашонро аз мағозаву китобхонаҳои мактаб ҷустуҷӯ карда, мутолиа мекунанд. Воқеан ҳам, китоб моро донишманду ҳушманд, боақлу босавод мегардонад. Аз ин рӯ, бояд ба он кӯшиш намоем, ки фарзандону шогирдонамон ҳамеша ҳамроҳашон китоб дошта бошанду ба он унс бигиранд.
Бузургу шинохта ва тавонманд он халқест, ки таъриху гузаштааш бо китоб пайваст аст, зеро китоб таърихро ба мо бозгӯ мекунад. Бузургони олам китобро «ҷавшани ҷон», «чароғи раҳнамо», «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» номидаанд. Аз ин рӯ, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки хонандагонро ба мутолиаи китоб ҳарчӣ бештар ҷалб намоем. Сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати сухандону сухангӯ шудани насли наврас тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монем.
Зуҳро БАБАЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби рақами 78,
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр