Нашрияи Омӯзгор

«Ҷазо»

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

(Охираш, аввалаш дар шумораи гузашта)

Офтоб майли ғуруб карда, хирмани абрҳоро оташ мезад. Чанд муддат пас, пешу қафо як-як аъзои даста вориди ҳавлӣ гардиданд. Аз куҷо пайдо шуданд? Магар аз Осмон фаромаданд? Тақрибан 50-60 нафар ҷамъ шуданд. Зуд саф кашиданд, бе ҳеҷ амру фармон. «Ҳазрат» дастҳо дар пушт ин сӯ –он сӯ қадам зада, гоҳе сар бардошта ба дастааш менигарист.

-Ку, маълими азиз, бингар, мешиносишон?- бо оҳанги киноямезу ғазаболуд пурсид «Ҳазрат» ва илова кард:

-Як-як нишон деҳ, ба саҳн барорамшон.

-Ин тавр нашудааст,-рад кард муаллим.

-Чӣ тавр мешудааст?

-Шумо амр кунед, онҳо худашон мебароянд аз саф.

-Хайр.

Гурӯҳе иборат аз 10-12 нафар аз байни саф ҳамчунон пешу қафо ба саҳн баромаданд. Оне, ки муаллимро азоб дода буд, меларзид.

-Абдулҷон, боз мардума ғам додӣ?-ситезид «Ҳазрат». - Аз болои сари ин мардак, ки муаллим будааст, тир паррондӣ? Натарсидӣ?

-Ӯро дар сари дуздӣ доштем,-аз замин сар набардошта, посух дод «ришдароз». - Амри моро гӯш накард.

-Чӣ дуздидааст? –нигоҳи суол дӯхт ба ӯ «Ҳазрат» - Охир, вай муаллим аст, наход дуздӣ кунад?

-Алафи колхоза пушт карда гурехтанӣ буд.

-О, лаънатӣ, аз дасти мардум дар ин ҷанг дар дашту саҳро на гандум монду на ҷав, ту бошӣ, барои як дарзаи алаф… Муаллима азоб додӣ, таҳқир кардӣ.

«Ҳазрат» ишора кард то «ришдароз» наздаш ҳозир шавад. Сипас, ба «сарбоз»-и миёнақад, ки як бари рӯяш захми амиқ дошт, бехигӯшӣ чизе гуфт. Як он пас «захмдошта» халтаи асбобу анҷомро бардошта омад.

-Муаллима дасташа буриданӣ шудӣ?-асбобу абзорро, ки аз дукордаю болға, дирафш ва меху чанд лавозими дигар иборат буд, аз халта баровард «Ҳазрат» ва хандид. Баланд хандид.

-Ҳозир «ҷарроҳият» мекунем.

-Ку, забоната  берун барор. Мебурему ба дур мепартоем.

Ранг дар рӯяш намонд «ришдароз»-ро. Муаллим башаст давид ҷониби ҳарду ва аз «Ҳазрат» хоҳиш кард:

-Накунед ин корро.

-Хуб, набошад, чашмонашро бо дукорда кофта мегирем. Чӣ гуфтӣ, муаллим?

Вай дукорда дар даст ба ришдароз наздик шуда, хост ба «амалиёт» шурӯъ кунад.

-Лозим не, ин бераҳмиро накунед, - гуфт муаллим ва аз дасти «Ҳазрат»» кашид.

-Хуб, ин не-вай не, пояшро мебурем,-корди калонро аз ғилоф кашид «Ҳазрат». - Ба қадри пою дасту чашм расад, бангии Худозада. Ё не?

Муаллим  дубора ба байн даромад. Кордро аз дасти «Ҳазрат» гирифтанӣ шуд.

-Хайр, ба фикри ту, мо бо ин Абдулҷони «беспредел» чӣ кор кунем?-фишшос зада ғазаб кард «Ҳазрат». - Тори сар кунемаш? Не, не. Ман медонам шеваи кори худа, - ва  парвонасон даври «ришдароз» қадам зада, ба боди масхара кашид ӯро.

-Мепаронемаш, тамом-вассалом. Хас кам - ҷаҳон пок.

Бо амри «Ҳазрат» Абдулҷонеро, ки муддатҳо қабл аз ин сараш чу Фиръавн ба осмон мерасиду бутали болои сари муаллимро ҳадаф қарор дода, сӯяш тирҳои фаровон партоб мекард, дастҳо ба пушт бастанд. Ба девор росташ монданд. «Ҳазрат» оташи хашм дар оинаи чашмонаш афрӯхта гардида, «Калашников»-ро аз дасти сарбозе чанг зада гирифт ва тақрибан 10-15 метр дуртар рафта, «ришдароз»-ро ба нишон овард. Ҳалқачаро зер кардан ҳамон буду садои даҳшатангезу баланд гардидани тир ҳамон. Чангу ғубор осмонро фаро гирифт. Тирҳо аз болои сари «ришдароз» парвозкунон гузашта, девору нигасаи биноро сӯрох карданд. Пораҳое аз гили девор рӯйи замин афтидаю Замину Осмон чаппа-роста шуд. Тадриҷан фазо рӯшан гашт ва ҳама бо таҳайюру даҳони боз ба Абдӯлҷон нигаристанд. Магар мурдаву ба замин парӯ афтодааст? На, вай даст ба гӯшҳо бурда, ҳамчунон рост меистод ва чашмонаш тоси хун гардида буданд. Танҳо… манзараи музҳику асафборе зуд ба чашм бармехӯрд.

Аз тарс «ришдароз» шими сабзи танашро тар карда, шошааш аз пойи шим берун заҳида, рӯйи хок ҷӯй кашида буд…

***

Бомдод хабари аҷибу ғарибе дар деҳаҳои гирду атроф паҳн гардид.

«Ҳазрат» ба «ришдароз»-и Абдулҷон як гектар замини обӣ туҳфа кардаю духтари шонздаҳсолаеро ба никоҳи ӯ даровардааст.

Шодӣ Раҷабзод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш