Нашрияи Омӯзгор

Ба зоҳир гарчи аз хизмат ҷудоям…

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

  Чанде пеш тариқи телевизиони «Синамо» аёдати Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзодаро аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Масква нишон доданд, ки басо ҷолиб буд.

  Баъди тамошои ин лаҳза навиштаҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ба хотирам омад: «То ҷое мо медонем, пас аз кулфатҳои чун балои қазо ногаҳон ба сараш омада, аз аҳволи Сотим Улуғзода камобеш дар бадали сӣ сол ягон сарвари воломақоми ҷумҳурӣ хабар нагирифта буд… Маҳз ба супориши Президент масъулони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав аз аҳволи нависанда муттасил хабар мегирифтанд».

Зиндагӣ ва осори ин нависандаи мумтоз ва филмноманигори бемисл аз бисёр ҷиҳат сабақомӯз буда, барои тарбияи солими насли наврас кумаки беандоза мерасонад,зеро ғояҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ меҳвари асосии асарҳои устод Улуғзодаро ташкил медиҳанд. Устод ҳар ваҷаб хоки Ватанро дӯст медошт ва бо ёди Ватан мезист.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар мақолаи хеш бо номи «Шермарди қаламрави сухан» чунин мегӯяд: «Дар Маскав шарафи зиёрати устод насибам гашт. Ӯ рӯи курсие кӯдаквор нишастааст. Пайкари пӯсту устухонаш бо кампале печонида шуда ва ба пурсу пос бетафовут менигарад, балки қудрати чашм кушодан ҳам надорад.

- Дар Варзик будам, устод! Бо Мутеулло Наҷмуддинов! – мегӯям бо овози баланду ларзон.

Устод чун номи зодгоҳро шунид, сар бардошт ва ба лабаш табассум давид, кӯшид, чизе бигӯяд, аммо натавонист… Дар Душанбе Наврӯз асту авҷи баҳор. Ҳама ба Шумо дуруду салом фиристоданд. Устод, пиру барно интизори баргаштанатон.

Хуб… Ташаккур, беҳолона овоз мебарорад устод ва чеҳрааш равшантар мешавад.»

Ба банда ҳам, ки мухлиси эҷодиёту нигоришоти ин устоди сухан ҳастам, шарафи вохӯрӣ насиб гардидааст, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Соли 1987 дар толори калони ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ вохӯрӣ бо адиби мумтоз Сотим Улуғзода баргузор гардид. Ҳозирин нависандаи маҳбубро бо кафкӯбиҳои бардавом пешвоз гирифтанд.

Устод дар суханронии хеш бо тавзеҳи масъалаҳои гуногуни таъриху адабиёт диққати дӯстдорони осори худро ҷалб намуд. Барои сомеон аз ҳама бештар муаммоҳои таърихи халқи тоҷик, мушкилоти зиндагии худи нависанда баъди солҳои шастуми асри гузашта, нақшаҳои минбаъдаи эҷодии ӯ мароқангез буд.

Дар минбар устод ба чанд саволи иштирокчиёни вохӯрӣ бо далелу бурҳонҳои саҳеҳ посух дод. Ба суоли «чаро шумо ба навиштани асарҳои таърихӣ бештар даст мезанед?» чунин ҷавоб гардонд: - Аз С.Андреев сипосгузорам, ки солҳои дар дорулмуаллимин таҳсил карданам бароям омӯзиши васеи таърихро вазифа фармуда буд. Дар воқеъ устоди ман яке аз тоҷикшиносони маъруф маҳсуб меёбад. Аз дигар ҷиҳат, имрӯз вақти он расидааст, ки мо кӣ будани гузаштагонамонро ба наслҳои имрӯзу ояндаи хеш бишиносонем, беҳуда нагуфтаанд: «Муроҷиат ба таърих муроҷиат ба имрӯзу фардои миллат аст.»

Ба саволи Шумо чаро дар бораи Фирдавсӣ роман менависед, ки ҳамин сол ба номи «Абулқосим Фирдавсӣ» очерки илмӣ – бадеии адабиётшинос Аҳмад Абдуллоев тариқи нашриёти «Адиб» аз чоп баромад?» устод баъди каме андеша, бо ишораи ангуштон бо оҳанги таъкид чунин посух дод: - Барои он менависам, ки Фирдавсӣ Фирдавсист, вай таҳкурсии назми мост. Қуллаи тамаддуни мост, «Шоҳнома»-и ӯ муҳимтарин манбаъ барои паҷуҳиш ва шинохти фарҳанги бостонии мост, ҳамзамон ва ҳамсанги Рӯдакист.

Устод ба пурсиши «дар солҳои таъқиби Ҳукумати Шӯравӣ чӣ шуғле доштед?» Нависанда бо тааммули ба худ хос шеъреро, ки ифодакунандаи ҳолати рӯзгору зиндагии эшонро дар он солҳо буд, қироат намуд, ки байти матлааш чунин буд:

Ба зоҳир гарчи аз хизмат ҷудоям,

Ба дил пайваста ҳамроҳи шумоям.

Ман ҳама вақт бо шумоён будаму ҳастам!

Дар ин мулоқот бисёр мухлисону ҳаводорони осори устод барои хотира аз эшон соядаст гирифтанд. Камина ҳам китоби «Пири ҳакимони Машриқзамин»-ро барои соядаст пешниҳод намудам.

Устод аз ман ному насаб пурсид. Посух додам, ки Содиқов Ҳасан. Устод айнакро аз чашмонашон гирифта, ба ман суоломез гуфтанд: - Номат ба пуррагӣ Муллоҳасан аст ё Мирзоҳасан?

Гуфтам: - Якумаш.

Боз пурсиданд:

- Чӣ шуғл дорӣ?

- Омӯзгор, - посух додам.

- Чӣ хуб, номат ба касбат то андозае мувофиқ аст. Муаллим бояд мулло бошад, яъне имлоро хуб донаду бехато нависад, - гӯён дар китоб бароям соядаст навиштанд ва таъкид намуданд: - Муллоҳасан, ҷаҳд кунед, ки мулло бошед…

Аз ин вохӯрии хотирмон бароям китоб ва расми дастаҷамъона бо нависандаи маҳбуб ба ёдгор мондааст.

 

Ҳ. СОДИҚОВ,

омӯзгори мактаби №24,

ноҳияи Мастчоҳ,

Аълочии маорифи

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш