Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгорбонуе аз Роштқалъа

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш яке аз дӯстонам ду китобчаи зеборо бо суратҳои ранга ва матни ҷолиб ба ман дод. Аз аввал то охир онҳоро варақгардон кардаму ба дунёи зебои кӯдакӣ афтодам.

Муаллифи ин китобҳо омӯзгори асил Ситорамоҳ Имомёрбекова аст. Номбурда солҳои зиёдест дар соҳаи маориф фаъолият дорад. Ман муддате дар мактаби миёнаи №69-и ноҳияи Роштқалъа (ҳоло муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26) ба ҳайси омӯзгор фаъолият карда будам. Он вақтҳо Ситорамоҳ Имомёрбекова низ дар ин муассиса чун омӯзгори соҳибкасбу соҳибтаҷриба ба ҳайси ҷонишини директор ифои вазифа менамуд. Ӯ пайваста дар омӯзиш буду бо иштирок дар курсҳои такмили ихтисос дар Тоҷикистон ва берун аз он малакаву маҳорати касбиашро сайқал медод. Дар шумори тренерони бомаҳорати филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт, нозукиҳои ин касбро на фақат ба ҳамкорони худ, балки ба дигар омӯзгорони мактабҳои вилоят меомӯзонад. Муаллима маслиҳатгару роҳнамои беминнати омӯзгорони ҷавон буда, нисбат ба худ ва шогирдонаш ҷиддию серталаб аст.

Қаҳрамони қиссаи мо дар оилаи низомӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

- Падарамон дар муносибат ба фарзандон меҳрубон буду серталаб. Низомӣ, ки буданд, қонунҳои соҳаи низомиро дар оила ҳам ҷорӣ мекарданд,- мегӯяд Ситорамоҳ Имомёрбекова.

Модари муаллима Лидия Михайловна Имомёрбекова, «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва дорандаи чандин мукофоти давлатӣ, низ омӯзгор буданд. Меҳри ин касби мушкилу шарафманд аз модараш ба Ситорамоҳ гузаштааст.

-Падарам мехост, ки ман духтур шавам, вале модарам зид буд. Ӯ омӯзгориро аз дигар касбҳо болотару авлотар донист. Дар санҷиши дафтари синфии шогирдонаш гоҳо аз ман ёрӣ мехост. Илмомӯзии мо-фарзандонашро низ таҳти назорати қатъӣ гирифта буд. Мехост ҷигарбандонаш босаводу бомаърифат, соҳибилму донишманд бошанд, - ба ёд меорад муаллима.

Ба эҷодиёти Ситорамоҳ Имомёрбекова метавон баҳои баланд дод. Барои кӯдакони хурдсол навиштаҳои хубе дорад. Бахусус, ду китоби муаллима - «Рушди салоҳиятҳои одитарини математикӣ» ва «Кам кунед ва зам кунед» бо завқи хосса таълиф шудаанд.

Ситора Имомёрбекова бонуест, заҳматқарину эҷодкор, омӯзгору мураббии беҳамто. Бо меҳнати шабонарӯзию софдилонаи хеш дар байни ҳамкасбон соҳиби эътибору эҳтиром аст.

 

Ҷ.Қозибеков,

  «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш