Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон 30-сола мешавад, барои рушду такомули бавусъати кишвари маҳбубамон шароити созгор фароҳам овард. Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диёри хуршедии мо дар як муддати начандон тӯлонӣ аз минтақаи ҷангзадаю пурихтилоф дар Осиёи Миёна ба давлати шукуфою пешрав ва орому осуда, ба ошёни сулҳу ваҳдат табдил ёфт.
Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ободонию бунёдкорӣ авҷ гирифт, мардум ба ҳаёти осоишта оғоз карданд ва нуфузу эътибори байналхалқии Тоҷикистон марҳила ба марҳила боло рафт. Ҳоло дар як қатор мамолики олам сиёсатмадорону пажӯҳишгарон таҷрибаи сулҳофаринию ваҳдатороии тоҷиконро меомӯзанд ва ба ин халқи деринтаъриху тамаддунхоҳ ҳамду сано мегӯянд.
Дар қатори соҳаҳои дигар дар оғӯши истиқлол соҳаи маориф низ пеш рафт, ислоҳот пазируфт ва ба комёбиҳои чашмгир ноил гашт. Дар саросари ҷумҳурӣ бо суръати баланд мактабҳои нав бунёд ёфтаву бо навтарин таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Дар заминаи ифтихори миллию ҳисси волои хештаншиносӣ ва анъанаву манфиатҳои миллӣ барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ҳам дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ҳам дар мактабҳои олӣ таҳрир ва такмилу бознигарӣ шуданд. Бо ҳадафи таъмини рушди устувору бомароми соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла, Қонун «Дар бораи маориф», Қонун «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расонида шуданд, ки ба пешрафти ҳаматарафаи кулли муассисаҳои таҳсилотӣ мусоидат карданд. Дар мамлакати соҳибистиқлол ба такомули таҳсилоти олӣ низ таваҷҷуҳи фарогир зоҳир карда шуд. Теъдоди мактабҳои олии ҷумҳурии аз сездаҳ адади даврони то истиқлол тадриҷан ба пеш аз чил адад расонида шуд. Соҳибистиқлолии мамлакат ва талаботи ҳаёту истеҳсолот тақозо намуд, ки барои тамоми соҳаҳо мутахассисони варзида тайёр карда шаванд. Талабот, махсусан, ба кадрҳои баландтахассус дар бахшҳои саноату электроэнергетика ва коркарди сарватҳои табиӣ рӯзафзун гашт. Бо дарназардошти ин ҳолат дар кишвар як силсила мактабҳои олии нав таъсис дода шуданд, ки яке аз онҳо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд буд, яъне ин мактаби олӣ зодаву парваридаи Истиқлоли давлатист. Агар дақиқтар бигӯем, донишкадаи мазкур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1737, аз 24 апрели соли 2006 таъсис ёфта, 15 сол боз фаъолият дорад.
Дар кишварамон вуҷуд доштани Донишкадаи кӯҳию металлургӣ ҳамбаста бо воқеият ва табиати диёр аст. Маълум, ки 93 дарсади Ватани моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин кӯҳҳо манбаи сарватҳои табииянд. Рушди истеҳсолот, беҳдошти ҳаёти мардум ва тараққии соҳаи саноат аз коркарди ин сарватҳои табиӣ вобастагии ҷиддӣ дорад. Ва ин ҳама, дар маҷмӯъ иртиботманданд бо мутахассисони бомаҳорату соҳибтахассуси соҳа. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иҷрои ҳамин рисолати барои ҳаёти мамлакат басо муҳимро ба дӯш дорад. Айни замон ин мактаби олии бонуфуз дорои чор факулта – электромеханика, корҳои кӯҳӣ, металлургия ва иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот мебошад ва дар заминаи ин факултаҳо вобаста ба ихтисосҳои зерин мутахассисон омода карда мешаванд: геология ва инкишофи канданиҳои фоиданок, коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ, технология ва таҷҳизоти заргарӣ, коркарди канданиҳои фоиданок (корҳои кушоди кӯҳӣ), коркарди конҳои фоиданок (конҳои зеризаминӣ), коркарди канданиҳои фоиданок (тозакунии канданиҳои фоиданок), коркарди канданиҳои фоиданок (корҳои пармакунӣ), коркарди канданиҳои фоиданок (корҳои маркшейдерӣ), сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо, ҳифзи муҳандисии муҳити зист, металлургияи ранга, ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш, технологияи мошинсозӣ, таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ, технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳлулот, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, менеҷменти экология ва аудит дар саноат.
Чунонки мебинем, доираи фаъолияти донишкада бавусъат аст ва мутахассисоне омода месозад, ки воқеан ҳам, барои иқтисодиёту саноати кишварамон хеле муҳиманд. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳадафи чаҳоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат роҳандозӣ шудааст ва вобаста ба ин, барномаи бавусъати татбиқ таҳия гардидааст. Дар татбиқи ин ҳадаф ва барнома Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нақши муҳим мегузорад. Хушбахтона, дар ин донишкада гурӯҳи устодону олимоне гирд омадаанд, ки ҳама лаёқатманду соҳибтаҷрибаанд ва фаъолияти густурдаю пурбор доранд. Бо ташаббуси онҳо илова ба дарсҳои муҳтавоманди ҳамарӯза дар донишкада мунтазам ҳамоишҳои илмӣ, маҳфилу конфронсҳо ва вохӯриву ҷашнвораҳо баргузор карда мешаванд. Устодони таълимгоҳ ба ҷанбаи амалии машғулиятҳояшон диққати махсус зоҳир намуда, корҳои лабораториро дар сатҳи баланд баргузор мекунанд. Мунтазам ба шогирдон таъкид месозанд, ки «Илмат ба амал чу ёр гардад, Қадри ту яке ҳазор гардад». Аҳли донишкада, устодону шогирдон, дар корҳои ҷамъиятии шаҳру вилоят низ фаъоланд, ҳамчунин, дар таълифоти илмию дастурию методӣ озмуну сабқатҳои илмию адабӣ ва варзишӣ ба комёбиҳо даст ёфтаанд. Ректори ин мактаби олӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ роҳбари кордону болаёқат аст ва ҳамвора бар он мекӯшад, ки шароити кору фаъолияти устодон ва таҳсилу фароғати шогирдон дар сатҳи зарурӣ бошад. Бо ин ҳадаф дар заминаи кӯшишу талошҳои ӯ донишкада бо таҷҳизоти техникии таълимии муосир, бо ашёи таҷрибавӣ (лабораторӣ) ва амволи дигари мусоидгар ба таъмини сатҳи баланди таълиму тарбия муҷаҳҳаз гардидааст. Донишкада дорои китобхонаи муҳтавоманд, ошхонаю варзишгоҳ мебошад. Ҳудуди таълимгоҳ ҳамеша тозаю озода буда, бо растагулҳо ва дарахтони сарсабз ороста шудааст…
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон имрӯз дар қатори мактабҳои олии муваффақи кишвар ҷойгоҳи назаррас дорад ва минбаъд фаъолияташро боз ҳам тақвият хоҳад бахшид.
Абдуҳафиз АБДУҚОДИРОВ,
устоди Донишкадаи кӯҳию
металлургии Тоҷикистон,
номзади илми таърих
Иловакунӣ
Иловакунии фикр