Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгор ва сарвари кӯшо

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Файзобод мактаби №59, ки роҳбарии онро ҷавонмарди болаёқат Тағойбег Алиев ба уҳда дорад, бо сатҳи дониши хуби хонандагон фарқ мекунад. Бинои муассисаи мазкур соли 2011 бунёд гардида, бо шароитҳои созгори замонавӣ, таҷҳизоту асбобҳои аёнӣ таъмин ва дорои синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ мебошад. Тағойбег Алиев баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ соли 2011 ба фаъолияти омӯзгорӣ дар мактаби номбурда шурӯъ кардааст. Бояд гуфт, ки Тағойбег Алиев ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик машғулиятҳои худро дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаби замони муосир ба роҳ монда, аз васоити техникӣ ва аёниятҳо ба таври судманд истифода мекунад. Вай ба маълумоти китобҳои дарсӣ қонеъ нашуда, пайваста аз осори илмӣ, сарчашмаю маъхазҳои гуногуни методӣ меомӯзаду вобаста ба мавзӯъҳои дарсӣ аз андӯхтаҳояш ҳангоми роҳандозии машғулиятҳо истифода мекунад. Омӯзгорони мактаб чанде пеш дар як дарси кушоди Т. Алиев дар синфи 10 аз фанни адабиёт иштирок намуда, ба маҳорату малака ва санъати волои педагогии мавсуф баҳои баланд доданд. Т. Алиев мавзӯи навро, ки «Маълумот дар бораи сабки ҳиндӣ ва намояндагони он» маҳсуб меёфт, хеле содаву фаҳмо, бо истифода аз мисолҳои мушаххас аз эҷодиёти шоирони сабки мазкур тавзеҳ бахшида, махсусиятҳои сабки ҳиндӣ ва моҳияти ашъори шоирони маъруфро муфассал баён намуд. Шогирдони Тағойбег Алиев пурмутолиа буда, бо китобхонаи таълимгоҳ робитаи доимӣ доранд. Ду сол мешавад, ки бо роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар даврҳои мактабию ноҳиявӣ ва минтақавӣ фаъолона иштирок мекунанд ва соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Омӯзгори талошманду кӯшо пайваста конфронсу маҳфилҳои адабӣ баргузор менамояд.

 

Ҳокими САФАР,

ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш