Нашрияи Омӯзгор

Забони ғаниву тавоно

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз синфҳои  поёнӣ оғоз шуда, заминаҳои донистану аз худ кардани қоидаҳои хондану навиштани калимаҳо, тартиб додани ҷумлаҳо ва ба ин васила, такаллуму  муошират бо ин забон маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот гузошта мешавад. Ба хонандагони синфҳои поёнӣ омӯзондани тарзи талаффузи вожаҳо, дурусту беғалат навиштан  (имло) ва риояи пунктуатсия муҳим буда, омӯзгорон бояд ба  ҷанбаи амалии машғулиятҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд. Маълум  аст, ки забони русӣ дар радифи забонҳои хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, франсавӣ…) махсусиятҳои грамматикии худро доро мебошад. Дар забони русӣ категорияи ҷинсият, падеж, шахс ва шумора ва амсоли инҳо мавҷуд аст. Омӯзиши забони русӣ, бешак, аз донистани қоидаҳои зикршуда вобастагии зич дорад. Аз ҷумла, хонанда ҳангоми талаффузи калимаҳо бояд бандакҳои охири онҳоро (окончание)-ро хуб донад. Барои ин, вай аз категорияи ҷинсият (ҷинси занона, мардона ва миёна) бояд огоҳии комил дошта бошад. Донистани ин омил барои хонандагони синфҳои 1-4 хеле муҳим буда, онҳо маҳз ба туфайли амиқу ҳамаҷониба дарку фаҳм ва аз худ кардани талаффузи калимаҳо дар се ҷинс бо ин забон озоду беғалат гап зада метавонанд. Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо дар синфҳои поёнӣ хондану нақли матн ба зудтар аз худ кардани забони русӣ мусоидат мекунад. Ба хусус, омӯзонидани афсонаҳои содаи шавқовар, шеърҳои кӯдакона, тезгӯяку чистонҳо дар синфҳои мазкур ба мақсад мувофиқ буда, шавқу рағбати хонандагонро ба ин забон афзун менамояд. Воқеан, таълими афсона ба донистану аз бар кардани луғатҳои нав мусоидат мекунад. Аз ҷумла, дар дарсҳои забони русӣ афсонаи «Саргузашти Буратино» омӯзонида мешавад. Дар қатори ин афсона, ба хонандагон таълим додани афсонаҳои «Кӯлоҳсурхак», «Гурбаи мӯзапӯш», «Гург ва ҳафт бузича» ва афсонаҳои халқии тоҷикӣ  (интихобан) аҳамияти калон дошта, шавқу муҳаббати шогирдонро ба  омӯзиши забони русӣ ва мутолиаи асарҳои бадеии адибони рус зиёд мегардонад. Яке аз роҳҳои дигари аз худ кардани забони русӣ, ба хонандагон омӯзондани матнҳо тавассути муколама (диалог)-ҳо мебошад.

Дар синфҳои поёнӣ омӯзишу аз худ кардани забони русӣ ба василаи ба ҳиҷоҳо ҷудо кардани калимаҳо ва талаффузи  дурусти бандакҳои охири вожаҳо (окончание) беҳтару судмандтар мебошад. Дар китобҳои дарсӣ (аз ҷумла, дар синфи чорум) чунин машқҳо ҷой дода шудааст, ки ба рушди зеҳнии хонанда такон мебахшад. Супориши машқ чунин аст:

Калимаҳоро дар ду сутун (гурӯҳ) нависед. Дар гурӯҳи якум калимаҳоеро ҷой диҳед, ки теъдоди ҳарфу овозҳо дар онҳо баробар бошад. Дар гурӯҳи дуюм калимаҳоеро сабт намоед, ки миқдори ҳарфҳо дар онҳо аз миқдори овозҳо зиёд бошад.

Дар китобҳои «Забони русӣ» (ба хусус, дар синфҳои 1-4 ва 5-9) чунин машқҳои дидактикии аз ҷиҳати методию назариявӣ судманду аҳамиятнок ва ба синну соли хонандагон мувофиқ хеле зиёд вомехӯранд, ки аз заҳмати муаллифони китоби зикршуда (ба хусус, муаллима Т. Гусейнова) шаҳодат медиҳад.

 

Гулбаҳор Олимова,

омӯзгори литсейи

иқтисодии «Ҳилол»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш