Нашрияи Омӯзгор

Калиди дари ганҷ

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Барои муошират байни одамон воситаҳои гуногун, аз қабили хат, имову ишора, садоҳои гуногун, рамзҳо… истифода мешаванд, аммо ба таъкиди донишмандон, муҳимтарин воситаи муоширати байниҳамдигарии инсонҳо маҳз забон маҳсуб меёбад. Забон тавассути воситаю ибораю ифодаю ҷумлаҳо афкори одамонро, ҳадафу мақсадҳои онҳоро ба тарзи возеҳу равшан ва дақиқ инъикос менамояд. Забон имконоту қудрати бузургеро дорост. Забон маънибахшу зинати ҳаёти кулли халқҳои олам эътироф шудааст. Забон муҳимтарин далели ҳастии миллат ва шаъну шарафи он мебошад. Забон одамонро муттаҳид  мекунад, ба ҳам меоварад ва  зиндагиашонро равшанӣ мебахшад. Аз ин  ҷост, ки дар мактабҳо ба таълими забони модарӣ ва парваридани муҳаббат ба он диққати махсус дода мешавад. Барномаи таълимӣ барои тадриси забони модарӣ соатҳои зиёд (дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва синфҳо) ҷудо кардааст. Муаллифон мекӯшанд, ки китобҳои дарсӣ аз фанни забони модарӣ дар сатҳи баланд, пурмазмуну ҷолибу пурмуҳтаво навишта шаванд. Омӯзгорон мекӯшанд, ки ҳар дарси забони модарӣ шавқовару муассир ва рангину хотирмон бошад ва пеш аз ҳама, таваҷҷуҳу меҳру муҳаббати хонандагонро ба забони модарӣ тақвият бахшад. Шогирдони мо аз нахустдавраи таҳсилашон бояд хуб фаҳманду дарк намоянд, ки забондонӣ аз умдатарин фазилатҳои инсонист ва хуб омӯхтану донистани ҳар забоне маҳз ба шарофати дар сатҳи зарурӣ омӯхтани забони модарӣ муяссар мегардад. Аз ин рӯ, забонро, «калиди дари ганҷ» номидаанд ва забондонро дорои имконоти фаровон хондаанд. Барои дар ниҳоди хонандагон парваридани меҳри самимию устувор нисбат ба забони модарӣ нақши омӯзгорони зинаи аввали таҳсилот бағоят бузург аст. Гуфтаанд, ки «илм дар хурдӣ-нақш бар санг». Бо ҳадафи нақши амиқ гузоштан дар дили шогирдон вобаста ба забони модарӣ омӯзгорро мебояд, ки аз методҳо ва тарзу воситаҳои гуногуну таваҷҷуҳбарангез васеъ истифода намояд. Луғатомӯзӣ, азёд кардани шеър ва пораҳои насрӣ, маълумот дар бораи таърихи забон, шунавонидани қироати ровиёни мумтоз, хониши асарҳои бадеӣ, ҳикоят дар бораи адибону ҳофизону суханварони барҷаста ва монанди инҳо воситаҳои дерину собитшудаеянд, ки муҳаббати хонандагонро нисбат ба забони модарӣ тақвият мебахшанд.

Таҷриба бозгӯи он аст, ки  дар дарсҳои забони модарӣ ба хонандагон ироа доштани маълумоти ҷолиб ва аҷиб оид ба махсусиятҳои забонҳои олам ва ҷанбаҳои таваҷҷуҳбарангези ин ё он  забон ба афзудани майлу рағбати онҳо ба забономӯзӣ мусоидат менамояд. Инак, чанде аз ин гуна маълумот.

Дар дунё наздик ба 6500 забон мавҷуд аст. Бо беш аз 2000 забони олам камтар аз 1000 нафар сухан мегӯянд.

***

Дар Созмони Милали Муттаҳид шаш забон ба сифати забони расмӣ пазируфта шудааст: англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, хитоӣ, русӣ ва испанӣ.

***

Калимаи модар дар аксар забонҳои ҷаҳон бо ҳарфи «М» оғоз меёбад.

***

Дар аксари алифбоҳои дунё қадимтарин ҳарф «О» эътироф шудааст.

***

Дар забони эскимосҳо вожаи «барф» дорои 20 муродиф  (синоним) мебошад…

Зулфияхон Ойматова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш