Нашрияи Омӯзгор

Сухандонӣ аз луғатомӯзист

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи саводу донишазхудкунии хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ бештар аз худ кардани луғат ва тафсири калимаҳои мураккаб мебошад. Мусаллам аст, ки луғатдонӣ бештар аз мутолиаи асарҳои бадеӣ бармеояд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ба хонандагон шеъру суруд, чистону тезгӯяк, ҳикояту қиссаҳои хурд, ривоят ва амсоли инҳо барои мутолиа тавсия карда мешавад. Табиист, ки хонандагон ҳангоми мутолиаи асарҳои назмию насрӣ ба калимаҳои мушкилфаҳму ноошно дучор мешаванд. Омӯзгорро лозим меояд, ки ҳангоми ба роҳ мондани дарси нав сараввал луғатҳои матн (ҳикоя, шеър)-ро дар тахтаи синф шарҳ диҳад. Аз таҷрибаи омӯзгории худ ба хулосае омадам, ки ба масъалаи луғатомӯзӣ на дар ҳамаи китобҳои дарсӣ диққати зарурӣ дода шудааст. Баъзан вақти баёни мавзӯи нав бо шарҳи луғатҳои маълум дучор омада, ҳайрон мешавӣ, ки калимаҳои мураккаб тафсир нашуда мондаанд. Албатта, дар ин масъала омӯзгор танҳо ба маводи китоби дарсӣ маҳдуд нашуда, бояд аз сарчашмаю адабиёти иловагӣ истифода кунад, шарҳи калимаҳоро аз луғатномаҳои муътабар дарёфта, ба хонандагон тавзеҳ диҳад. Як омили бештар аз худ кардани луғат ва ғанӣ гардидани захираи луғавии хонандагон ҳар чӣ зиёдтар ҳифз намудани шеър аз ҷониби онҳо ба шумор меравад. Луғатдонӣ ба хонанда имкон медиҳад, ки фикрашро озодона, бехато ва аз ҷиҳати мантиқ устуворона баён кунад. Ҳангоми навиштани иншо (ҳикоя, эссе) аз рӯйи расм хонандагоне, ки луғати бисёреро аз худ кардаанд, ба ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ намешаванд. Луғатдонӣ ба инкишофи нутқи шифоҳии хонандагон низ мусоидат карда, барои дар чорабиниҳои гуногуни мактабӣ сухан рондани онҳо заминаи муфид фароҳам меорад. Дар забони тоҷикӣ, таври маълум, калимаҳо аз ҷиҳати ифодаи маъно ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: баръакс, вожаҳои шаклашон якхелаю маънояшон гуногун, калимаҳои муқобилмаъно ва сермаъно. Ба гурӯҳи аввал муаллим мисолҳои зиёде оварда, онҳоро хонандагон дар тахтаи синф навишта, сипас, ба дафтарашон мекӯчонанд. Барои намуна метавон чунин калимаҳоро пешниҳод кард:

Ситора-ахтар-наҷм-кавкаб

Насим-бод-сабо-шамол

Кӯршабпарак –хаффош…

Ба гурӯҳи дуюм:

даромад-ба ҷое ворид шудан

даромад-фоида ба даст овардан

шона-асбоб барои ба тартиб овардани мӯйи сар…

Ба сифати калимаҳои муқобилмаъно вожаҳои зиёдеро метавон дар тахтаи синф навишт:

Сафед-сиёҳ

Гарм-сард

Хуб-бад…

Чунонки ишора намудем, калимаҳо вобаста  ба ифодаи фикр ва тобиши услубии худ маъноҳои дигар низ пайдо мекунанд:

Лаби болоии одам-лаби дарё

Сари кафида-сари кӯча-сари роҳ

Шохи шикастаи гов-шохи дарахт...

Донистани шаклҳои овардашудаи калимаҳо, бешубҳа, дар луғатдону суханшинос гардидани шогирдон таъсири файзбахш мерасонад.

 

Сабоҳат Сангинова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №72-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш