Нашрияи Омӯзгор

Ҷойгоҳи волои забони тоҷикӣ

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии ДДОТ ба номи С. Айнӣ конфронси илмиву назариявӣ баргузор гардид. Дар оғоз мудири кафедра, профессор Саидмуроди Хоҷазод дар мавзӯи  “Рушди забони тоҷикӣ ва таҳаввули таълими он дар замони истиқлол”  маърӯза кард. Омилҳои паст будани сифати дониши хаттии донишҷӯён аз фанни забони тоҷикӣ мавриди таҳлил, баррасӣ ва баҳси илмӣ қарор гирифт.

 “Тоҷикпарастӣ дар осори устод Садриддин Айнӣ” унвон дошт маърӯзаи номзади илмҳои филология, дотсент Ризо Хокироев, ки баъди ироаи он баҳси пурҷӯшу хурӯҷ вобаста ба ин мавзӯъ сурат гирифт.  Муаллими калони кафедра Дилафрӯз Неъматова мавзӯи “Калимасозии исм дар осори Лоиқ Шералӣ”-ро мавриди баҳси илмӣ қарор дод. Тозакориҳои ин шоири ширинкалом дар ҷодаи сохтани вожаҳои нав ва ба ин васила, таровати тоза пайдо намудани осори шоир бо мисолҳо таъкид шуд.

Дар гузориши ассистент Ҳанифаи Муҳаммадохир бо номи “Вижагиҳои резаҳикояҳои Сорбон”  масъалаи ғунҷонидани маъниҳои васеи рӯзгори кунунӣ дар қолаби ҳикоя ва салиқаи ҳунарии нависанда дар ин жанри адабӣ матраҳ шуд.  Ассистенти кафедра Хусрав Зокиров бо қироати пораҳо аз ашъори Аҳмади Суҳайлӣ махсусияти забонии осори ӯро тавзеҳ дод.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш