Нашрияи Омӯзгор

Ҷаҳолат нобиноист

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир тарбияи сиёсии хонандагон вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир дар таълимгоҳҳо аҳамияти бештар пайдо кардааст. Маълум, ки дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон задухӯрду даргириҳо пайваста идома доранд ва  ҳамчунин, гурӯҳҳои зиёди иртиҷоӣ пайдо шудаанду рӯз то рӯз фаъол мегарданд, ки ҳадафашон ғасби ҳокимият, ба даст овардани сарвату дороӣ, ҷорӣ кардани сохтори худкома, пурихтилоф сохтани ҳаёти аҳли ҷомеа ва бузургманишию тамаъҷӯӣ мебошад. Ин гуна  гурӯҳу ташкилоту сохтмонҳои мамнуъгашта барои пиёдасозии хостаҳои худ аз ҳама гуна тадбиру амалу кирдор истифода менамоянд, аз ҳеҷ гуна пастию бешарафӣ худдорӣ намекунанд ва ба ҳар гуна ҷаҳолат қодиранд. Онҳо аз силоҳу таҳдид, аз террору вайронкорӣ, аз воситаҳои техникии иттилоот, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои дигар васеъ ва мунтазам истифода мебаранд. Барои онҳо дурӯғпароканӣ, макру иғво, шӯрандозӣ ва туҳмату буҳтон амали муқаррарист. Мекӯшанд, ки ҷаҳон ноором ва мардум дар тарсу ҳарос бошанд. Қисме аз ин гурӯҳҳо, ҳатто, динро ба ғаразҳои шахсияшон таҳриф мекунанду истифода мебаранд. Аслан, онҳо бо дин ҳеҷ иртиботе надоранд, кайҳо ба аҳкоми динӣ, ба шариату тариқат хиёнат кардаанд…

Тоҷикистони азизи мо як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонист ва аз ин рӯ, нисбат ба ҳама  гуна ҳаводиси зиёновар ба мардум, ба аҳли сайёра бетараф буда наметавонад. Ҳаминро ҳам дар назар бояд дошт, ки амалиёти густурдаву таҳрифкоронаи қисме аз террористону экстремистон ва ифротгароёну иғвогарон ба кишвари маҳбубу соҳибистиқлоли мо низ нигаронида шудааст.

Ҳамарӯза созмонҳои иртиҷоии хориҷи ҷумҳурӣ бар асари нотавонбинию бухлу хусумат ва тамаъҷӯӣ ба ҳар васила ба сӯи Ватани маҳбуби мо санги туҳмату маломат меафкананд. Онҳо хоинони миллатанд ва ҳаргиз тавони дидани комёбиҳои рӯзафзуни халқи тоҷикро надоранд. Чашмашон аз ҷаҳолат кӯр аст. Гарчи худро мусулмон метарошанд, аслан «дар ботинашон бӯи  мусулмонӣ нест». Динро сипар кардаанду аз ин заррае андеша  надоранд, намеандешанд, ки хиёнат ба дини мубин чӣ даҳшатесту фарҷоми фоҷеабор барои худашон хоҳад дошт.

Аҳли Тоҷикистон ба ифротгароён танаффур доранд ва онҳоро шадидан маҳкум мекунанд, онҳоро хоину  нотавонбин ва душмани халқу миллат мехонанд. Дар ҷумҳуриамон қонунҳо «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) қабул шудаанд ва амал мекунанд. Онҳо нақши дастурамали раҳнаморо барои ҳар як шахси солимфикру ватандӯст доранд. Қонунҳои мазкур бояд дар тамоми зинаҳои таҳсилот дар мактабҳо вобаста ба синфҳо ва сатҳи фаҳмиши хонандагон тавзеҳ дода шаванд. Барои ин илова ба дарсҳои муқаррарӣ ташкил кардани дарсҳои тарбиявӣ, маҳфилу вохӯриҳо… манфиатовар хоҳад буд.

Замони  ихтилофоти мазҳа-бию қавмию музофотӣ ва суръатёбии раванди ҷаҳонишавӣ аз шогирдони мо чун аз ҳар як сокини сайёра дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва худшиносию ифтихори миллиро тақозо дорад. Бояд Ватанро самимона дӯст дошт ва ҳомию ҷонфидои манфиатҳои он, имрӯзу фардои шукуфои он буд. Ин нуктаи муҳимро аҳли таълиму тарбия дар ҷараёни фаъолияти худ бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд.

 

Марҷона Азизмуродова,

ҷонишини директори

мактаби №92-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш