Дар гимназияи рақами 1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи раёсати маорифи вилояти Суғд доир гардид.
Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар ифтитоҳ иштирокдоронро бо рӯзномаи кории ҷаласа ошно намуд. Оид ба санҷиши таъмини иҷрои «Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилоят барои солҳои 2017-2021» ва омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Бӯстон, санҷиши рафти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Мастчоҳ ва Зафаробод, оид ба рӯзҳои раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 05.02.2020, №АП-1339 доир ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ сармутахассисони раёсати маорифи вилоят Мирҷумъа Бобозода, Шуҳрат Сатторов ва Абдураҳим Қурбонов гузориш доданд.
Дар бораи фаъолияти созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Деваштич гузориши Фирдавс Ашӯрматов, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят шунида шуд.
Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Васлибек Назриён оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф маълумот дод.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр