Нашрияи Омӯзгор

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 845        Шарҳ: 0

 

Адабиёти бадеиро сарчашмаи тарбият, муҳимтарин омили ташаккулбахши шахсият ва воситаи неруманди тарғиби одоби ҳамида тавсиф кардаанд. Воқеан ҳам, адабиёт қувваи беназир аст ва мавқеи барҷаста дар таълими солимии маънавии ҷомеа дорад. Ин нуктаро метавон дар мисоли эҷодиёти гурӯҳи калони адибони тавоно тавзеҳ бахшид. Дар адабиёти даврони нави тоҷик устод Мирзо Турсунзода яке аз онҳост. Доираи мавзӯъҳои осори ин шоири машҳуру маҳбуб хеле васеъ мебошад, аммо мавзӯъҳои дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат, ҳамдилию муттаҳидӣ, Ватан ва меҳанпарастӣ, модар ва меҳру садоқат дар офаридаҳои барҷастаи ин шоири маъруфи миллат нисбатан бартарӣ доранд. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ метавонанд зимни машғулиятҳо бо хонандагон аз эҷодиёти устод М. Турсунзода ба таври васеъ истифода намоянд. Шеъри устод инсонсоз аст ва ба насли наврас таъсири амиқ мегузорад. Дар заминаи эҷодиёти шоир ташкил намудани дарсҳои тарбиявӣ, маҳфилҳои адабӣ, ҷашнвораҳои мактабӣ… хеле муассиру ҳадафгир хоҳад буд. Дар дарсҳои ҳамарӯзаашон низ омӯзгорон метавонанд дар мавридҳои муносиб аз шеъри устод иқтибосҳо оваранд ва сухани худро тақвият бубахшанд. Устод М.Турсунзода дар паҳнои адабиёт, пеш аз ҳама, чун вассофи сулҳу дӯстӣ шуҳрат дорад. Шоир зимни аксар навиштаҳояш ба ин мавзӯи дерину ифтихории адабиёт дахл кардаву абёти барҷаставу пуртаъсир ва равону самимӣ гуфтааст. Байтҳои зерини устод басо машҳуранд ва солҳои зиёдест, ки сари забонҳо қарор доранду ҳамагонро ба дӯстию рафоқат даъват менамоянд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум

рӯзи сахт.

ххх

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

ххх

Халқҳоро дӯстӣ илқо кунем,

Меҳри дилро ҳадя бар онҳо

кунем.

Доираи мафҳуми дӯстӣ дар осори шоир бағоят бавусъат аст. Ӯ тавассути каломи рӯҳбахшу дилчаспаш тамоми халқҳои оламро ба зиндагии аҳлона, ки бунёд ба дӯстӣ дошта бошад, даъват мекунад. Аҳли сайёра бояд аз ҳама гуна мухолифат даст кашида, оғӯш ба ҳам кушоянд, дилҳоро аз кинаҳо орӣ созанд, дӯсту рафиқу ҳамдами якдигар бошанд. Фақат дӯстӣ метавонад сайёраи моро ҳамеша ободу сарсабзу хуррам нигоҳ дораду аз қабзаи кулли мушкилот раҳоӣ бахшад. Вусъати дӯстӣ дар силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-и шоир ба таври барҷаста ба мушоҳида мерасад. Дар ин силсила, ки дар рӯҳияи баланди башардӯстона таълиф шудааст, ба дӯстии тамоми халқҳои дунё арҷ гузошта мешавад. Шоир бар он назар аст, ки одамон ҳаргиз набояд якдигарро таҳқир ва истисмор намоянд, халқе бар халқи дигар, кишваре бар кишвари дигар набояд даъвии бартарӣ кунад, зеро «Банӣ одам аъзои якдигаранд». Ин байти шоир, ки дар оғози силсилаи мазкур омадааст, маънии баланди башарпарварона дорад:

Шодам, аммо мехӯрам

ғамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам

тороҷгашта кишваре.

Дар достонҳои «Чароғи абадӣ», «Писари Ватан», «Ҷони ширин», «Садои Осиё», «Аз Ганг то Кремл» низ устод Мирзо Турсунзода ба мавзӯи дӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Метавон ба таври алоҳида зикр кард, ки шеъри «Дӯтонро гум макун»-и шоир ин мавзӯъро дар эҷодиёти ӯ боз ҳам комилтар сохтааст.

Халқи олам дӯст бо мо

гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум

макун!

Боз ҳам таъкид менамоем, ки мероси адабии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода саршор аз ҳикмату андарз буда, воситаи муассирест дар тарбияи комили насли наврас.

Назрибегим ОДИНАЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №91-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш