Нашрияи Омӯзгор

Барчидаҳо аз номаҳо

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Терроризм – хатар ба ҷомеа

Мо, омӯзгорон, бояд  хонандагону наврасонро дар рӯҳияи  ватандӯстӣ тарбия намоем.  Ҷавононро низ мебояд, ки фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро нашуда, ҷиҳати омӯхтани донишҳои замонавӣ  ҳамвора талош намоянд.  Зеро  гурӯҳҳои ифротгаро на барои ободии миллат ё давлат,  балки барои манфиати нопоку ғаразмандонаи хеш шуда, ҷавононро ба коми худ мекашанд ва ба  нокомиву ноумедиҳо мерасонанд. Аз ин рӯ, фирефтаи суханони дурӯғини гурӯҳҳои тундгаро нашуда, ҷавонон,  пеш аз ҳама,  дониш омӯзед, аз технологияи замонавӣ бархӯрдор гардед ва барои ободиву гулгулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳм гузоред.

Гулбаҳор НАСРИДДИНОВА,

директори мактаби №101,

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш