Устод Мирзо Турсунзода на танҳо дарду шодии мардуми худ, балки дар вуҷуду ҳузури мунаввараш дарду ранҷи миллату халқиятҳои дигарро низ эҳсос мекард ва дар эҷодиёташ аз ормонҳои қалби онҳо менавишт. Устод дар Иттифоқи Шӯравӣ муаззамтарину мунаввартарин чеҳраи адабиёт буд ва ӯро метавон дар як радиф бо устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ гузошт. Ӯро ба ҳайси як чеҳраи мондагори фарҳангию адабӣ ва рамзи миллати овозадори тоҷик дар ҷаҳон мешинохтанд.
Ҳар вақте достони воқеан ширини устод “Ҷони ширин” - ро мехонам, ба ҳамсари шоир ҳасади ширин мебарам: магар ҳар шоир метавонад бо чунин муҳаббату садоқат дар шеър бо ҳамсараш як суҳбати хотирмону шаҳдрез анҷом бидиҳаду ғаму дарди оламиёнро ифшо созад?
Дар достони “Ҷони ширин” шоир бо завқи баланд ва нозукхаёлӣ бо ҳамсари нозанини худ як муоширати зебо анҷом медиҳад, ки муҳаббаташ дар дили шоир муҳри ҷовид дошт. Ман гумон мекунам, ки ҳеҷ шоири олам дар ҳеҷ замону макон ин гуна занро ба тавсиф наовардааст. Дар ин достони зебо шоир асли зиндагӣ ва маънию ҳақиқати онро шоирона баён месозад. Шоир мекӯшад ба ҳамсари худ бигӯяд, ки инсон бояд гуманист ва худогоҳ бошад ва зиндагии маънавиро дар қалби худ рушд бидиҳад, яъне, арҷ гузоштан ба дӯсти ҳақиқӣ ва дар маҷмӯъ, ба одамият мақсади аслии шоир аст:
Ҷони ширин, тоҷи сар кун дӯстро,
Ҷой дар мағзи ҷигар кун дӯстро.
Обро аз рӯшноӣ кун қиёс,
Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос.
Ҳамбастагӣ, ягонагӣ, ҳамдардӣ ва раҳму шафқат аз аслитарин мавзӯи асосии “Ҷони ширин “ мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар миёни шуарои классик ва муосир кам шоиреро метавон ёфт, ки мисли устод Турсунзода то ин ҳад мардумӣ бошаду дарди дили мардуми дунёро ифшо созад ва мардум шоирро мисли фарзанд дӯст дорад.
...Ба ёдам мерасад солҳои охири зиндагии устод. Шунида будам, ки хӯроки нисфирӯзиро дар хона мехӯрад. Ман он замон донишҷӯ будам ва донишгоҳи мо дар сари роҳе қарор дошт, ки устод бо мошин аз он ҷо мегузашт. Ман ба хотири як лаҳза шоири бузургро дидан аз дарс мегурехтаму интизор мешудам, ки кай аз роҳ ин мегузарад. Хушбахтона, рӯзе аз рӯзҳо ба орзуям расидам. Чароғаки роҳ сурх шуду мошини устод дар ҷояш истод ва ман ҷуръат кардаму ҷонибаш даст афшондам, ӯ низ бо табассуми ба худ хос дасташро ба тарафи ман ҷунбонд. Ман чанд рӯз миёни дугонаву шарикдарсону устодонам таъриф мекардам, ки устод Мирзо Турсунзодаро дидам, ба сӯям даст афшонд. Яке бовар мекарду яке мегуфт, ки дурӯғ нагӯ...
Башардӯстии устод Мирзо Турсунзода дар достони “Ҷони ширин” баръало эҳсос мегардад. Ӯ бо як нигоҳи дилсӯзона ба кишварҳои ҷабрдидаи Ҳиндустон, Афғонистону Ангола... нигариста, дарду ранҷи ҳаёти онҳоро хеле амиқу дақиқ мегуфт ва ҳарфҳояшро ҷаҳон мешунид. Шоир таманно мекард, ки кош, марҳаме ба сӯзиши ҷароҳати қалби ин бахтбаргаштаҳо пайдо гардад ва замоне фаро расад, ки башар дар сулҳу рифоҳ ва оромишу ваҳдату ягонагӣ умр ба сар барад.
Ҷони ширин, ин суханҳоро шунав,
Дардмандонро ту ҳам ҳамдард шав.
То даме ки золиму мазлум ҳаст,
Кас набояд лаҳзае ғофил нишаст.
Дар достони “Ҷони ширин” ба ҷуз он ки аз сайру саёҳатҳо, ба меҳмонӣ рафтану шеър хондан ва аз ишқу муҳаббати беандоза ба ҳамсараш роз гуфтан ҷой дорад, боз дарду ситами мардуми сайёра, бахусус сиёҳпӯстони Африқо ӯро ором намегузорад ва бар асари дидани ҳоли табоҳи онҳо, ки рӯҳи инсонии ӯро сахт озор медод, менависад:
- Ман сиёҳам, - гуфт, – авлодам сиёҳ,
Ин сиёҳӣ шуд ба мо гӯё гуноҳ.
Бандаҳои ҳалқабаргӯшем мо,
Зиндаҳои хонабардӯшем мо.
Устод Мирзо Турсунзода, ки воқеан, шоири озода буду эҳсоси пурҷӯшу хурӯш дошт, ки дар хонаи дилҳо чароғи рӯшане афрӯхт. Намунааш “Ҷони ширин” аст, ки ҳақиқатхоҳӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва мардумпарастӣ ҷавҳари ин достон аст.
Вақте достони “Ҷони ширин”-ро ба хондан оғоз мекунед, аз ширинии забони достон лаззате дармеёбед ва як иртиботи отифию руҳӣ бо шоиру ормонҳои ӯ дар дили шумо пайдо мегардад. Шоир дар ин достон бо нигоҳи гарму равшан ва бадеъ фалсафаи зистан ва аз дарди хешу бегона огоҳ буданро таъкид мекунад. Хонанда дарк мекунад, ки шоир нафасе, лаҳзае, соате аз дарду шодии мардуми хешу бегона ва хонаводааш ҷудо нест:
Ҷони ширин, худ, ки озод аз ғамӣ,
Аз ғами мазлумҳо огаҳ камӣ.
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.
Файз Аҳмади Файз, шоири муборизи урдузабони Покистон бо Иттиҳоди Шӯравӣ рафтуомад дошт, дӯстони зиёде дар ин сарзамин пайдо карда буд. Ва яке аз дӯстони наҷибаш устод Мирзо Турсунзода буд. Ин шоири бузурги Ҳинду Покистон, ки соле пас аз даргузашти Устод Мирзо Турсунзода ба Душанбе омада буд, бо наҷвову афсӯс мегуфт: «Чӣ ҷойи Душанбе, кулли ҷаҳон бе вуҷуди Турсунзода холист».
Ва аҷибаш он аст, ки Файз Аҳмади Файз низ чун устод дар соли 1911 таваллуд шудаву шеъри худро шиоре алайҳи золиму зулм ва ҳимоят аз мардуми мазлуми бечора сохтааст. Ӯ ғазали ҷонсӯзе барои устод Мирзо Турсунзода навиштааст:
Биё, ёрам, ки чашмам дар талаб баҳри тамошоят,
Биё, ёрам, ки гӯшам ташналаб баҳри суханҳоят.
Куҷо ҳастӣ, ки ҳар кӯе нишон аст аз кафи поят,
Куҷо рафтӣ, ки гум шуд хуш садои омаданҳоят.
Зи ту омӯхтам, халқи ҷаҳонро ҳифзи ҷон кардан,
Китоби дӯстиро дилнишин кардам ба имоят.
...Бояд гуфт, ки “Ҷони ширин” шевотарину наҷибтарин бозёфти шоир дар нигорхонаи ҳунарии ӯст:
Дар диёри мо шуд одам арҷманд,
Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.
Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Дар ин достон хонанда эҳсос мекунад, ки шоир ишқу муҳаббатро дар қалбу вуҷуди хеш кашф намудааст ва инсони ба ҳадде бошарофат ва босадоқат аст, ки сирату сурати зан, ба вижа ҳамсараш дар андешаву тафаккури устод ва дилу ҷони ӯ ҳамеша ҷой доштааст. Устод Турсунзода аз шумори шоироне ҳастанд, ки рисолати худро дар ҷомеа аз рӯйи садоқату муҳаббат самимона ва беғаразона анҷом додаанд.
Муроди шоири бузурги мо дар достони “Ҷони ширин” он аст, ки занро дар ҷомеа дар ҷойгоҳи баланд бубинад. Шоир сулҳро асоси будани инсон медонаду чакомаи сулҳу салоҳ мехонад. Ба ёдам меояд солҳои пурихтилофи 90 -ум, ки мардум мегуфтанд: агар устод Мирзо Турсузода мебуд, ҳаргиз дар Тоҷикистон бесарусомонӣ намешуд..
Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода муҷассамаи бузурги ҳувияти адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик аст. Ӯ мисли оинаи дурахшон бо вуҷуду ҳузури зебояш Тоҷикистони азизи мо ва миллати тоҷикро дар олам муаррифӣ намуд. Аз ин ҷост, ки ба бузургиву наҷобати бемисли ӯ мардум ҷовидона эҳтиром гузоштаву сари таъзим фуруд меоранд.
Шаҳрия Аҳтамзод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр