Нашрияи Омӯзгор

Вилояти Хатлон: бурду бохти соҳа

Сана: 2021-04-28        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Вазъи соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт

23-юми апрели соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Фирӯза Шарифӣ-муовини раиси вилояти Хатлон, Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм, Нуралӣ Собирзода-муовини вазири маориф ва илм,  муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маорифи вилоят ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, директорони муассисаҳои такмили ихтисос, директорони мактабҳои Президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, таҳсилоти иловагӣ ва китобдорони шуъбаҳои маориф ҷаласаи мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазъи соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Ҷаласаро вазири маориф ва илм М.Имомзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа маҳсуб ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат баҳогузорӣ шудааст.

- Дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ба қабули қонунҳои соҳавӣ, консепсия, стратегия, барномаҳои давлатӣ, таъмин намудани заминаи моддию техникӣ, зиёд намудани маблағгузории соҳа, таҳкими пояи кадрӣ ва сохтмону тармими муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад,-зикр кард вазир. – Дар ҷаласаи имрӯза тамоми паҳлуҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилоят мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, вобаста ба проблемаву мушкилот ва камбудиҳои дарҷгардида нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Л. Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм вобаста ба вазъи соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла қайд кард, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 156 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 16268 нафар ва 826 Маркази рушди кӯдак бо фарогирии 22574 нафар фаъолият менамояд. Дар маҷмӯъ, фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак дар вилоят 38 842 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҷамъбасти соли 2019 5479 нафар кӯдак зиёд аст. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак 10%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли таҳсили 2020-2021 дар вилоят 1354 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 9 муассисаи таълимӣ зиёд мебошад.

Дар 1354 муассисаи таълимии вилоят 779 612 нафар хонанда, аз ҷумла, 375 337 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 26 926 нафар хонанда зиёд аст.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 46756 нафар омӯзгор (24430 нафар зан) фаъолият намуда, аз инҳо 32068 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ (68,6%), 2773 нафар бо таҳсилоти олии нопурра (5,9%), 10530 нафар (22,5%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 1385 бо таҳсилоти миёнаи умумӣ (3,0%) мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи омӯзгорон нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 2309 нафар зиёд шудааст.

Ҳамзамон, қайд намудан ба маврид аст, ки имрӯз 1385 нафар омӯзгори бо таҳсилоти миёни умумӣ фаъолиятдошта аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар шуъбаҳои ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯи равияи омӯзгорӣ таҳсил доранд.

Тибқи маълумоти раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2020-2021 ба 942 кадри равияи омӯзгорӣ эҳтиёҷ доштанд. Аз ҷумла, алифбои ниёгон 9 нафар, технологияи информатсионӣ 64, биология 43, география 45, забони англисӣ 108, забони арабӣ 1, забони давлатӣ 7, забон ва адабиёти тоҷик 43, забони русӣ 77, асосҳои давлат ва ҳуқуқ 5, математика 157, химия 79 санъати тасвирӣ ва нақша 12, синфҳои ибтидоӣ 68, суруд ва мусиқӣ 20, тарбияи ҷисмонӣ 23, таърих 38, технологияи меҳнат 25, физика 107, омодагии ибтидоии ҳарбӣ 11 нафар.

Дар соли таҳсили 2020-2021 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (равияи омӯзгорӣ) 1521 нафар мутахассиси ҷавон фиристода шуда, ба ҳолати моҳи январи соли 2021 тибқи роҳхат 836 нафар (55%) ҳозир гардида, бо кор таъмин карда шуданд.

Ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар шаҳру ноҳияи Норак, Вахш, Ҷайҳун, Шаҳритус 100%-ро ташкил дода, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 29,1%, Восеъ 39%, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 37,5%, Кӯшониён 39,3%, Ҷ.Балхӣ 88% мутахассиси ҷавон ба кор ҳозир гардид.

Ҷиҳати амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» дар соли 2020-ум 10 нафар омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, 2 нафар соҳиби замини полезӣ ва 115 нафар соҳиби қарзи имтиёзнок гардидаанд, ки дар маҷмӯъ, 127 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 5 нафар, Левакант 12 нафар, Восеъ 11, Данғара 5, Ш. Шоҳин 19, Муъминобод 6, Ховалинг 10, Муъминобод 17, Вахш ва Ҷ.Балхӣ 1, Панҷ 8, Дӯстӣ 4, А.Ҷомӣ 4, Қубодиён 4 ва Н.Хусрав 13 нафар омӯзгори ҷавон ба замини наздиҳавлигӣ ва қарзҳои имтиёзнок таъмин карда шуданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Бохтар, Ёвон, Хуросон, Шаҳритус, Ҷайҳун, Темурмалик, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омӯзгорони ҷавон аз имтиёз бархӯрдор нагаштанд.

Агар соли таҳсили 2019-2020 аз 47093 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимии вилоят 25565 (54,3%) нафар тавассути ММТ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуда бошанд, дар соли таҳсили 2019-2020 аз 49075 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ 27334 нафар (54,9%) тавассути ММТ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили гузашта 1,4% ё 1769 нафар зиёд аст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон айни замон 1194 нафар донишҷӯ (673 духтар, 521 писар) тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд.

Дар 10 соли охир ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон 5039 нафар донишҷӯ (2567 духтар, 2472 писар) тибқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар ин муддат 4900 нафар (2100 духтар) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоятро хатм намуданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани омӯзгорон дар вилояти Хатлон ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Дар маҷмӯъ, давоми солҳои 2019-2020 ва семоҳаи аввали соли 2021 дар 1513 курси нақшавӣ ва дигар курсҳои омӯзишии дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд гузаронидашуда 37700 нафар такмили тахассус намуданд.

Нақшаи фарогирии омӯзгорон ва кормандон ба курсҳои такмили ихтисоси нақшавӣ пурра иҷро гардида бошад ҳам, мутаассифона, шаҳру ноҳияҳои Ховалинг, Темурмалик, Балҷувон ва Носири Хусрав иҷрои нақшаи таъмини шунавандагон дар курсҳои такмили ихтисосро камтар аз 85 фоиз иҷро намудаанд.

Вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» мебоист, ки 740 адад кабинети фаннӣ тайи 3 сол муҷаҳҳаз гардонида мешуд. Ба ҳолати моҳи январи соли 2021 163 адад кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки 22% нақшаи барномаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, физика - 46, химия - 34, биология - 39, география - 4, математика - 7, технологияи информатсионӣ - 23 ва суруду мусиқӣ - 10 кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Вобаста ба шаҳру ноҳияҳо бошад, дар Бохтар 69,2%, Норак 50%, Восеъ 49%, Данғара 33,3%, Ҳамадонӣ 31,2%, Ш.Шоҳин 30%, Вахш 30%, Ҷ.Балхӣ 28,1%, Темурмалик 23%, Панҷ 22,2%, Ёвон 20,5%, Кӯлоб 19,3%, Қубодиён 18,7%, Хуросон 18,5%, Ҷайҳун 15,3%, Н. Хусрав 14,2%, Балҷувон 11,5%, Левакант 10,3%, Дӯстӣ 10,3%, А.Ҷомӣ 9,6%, Ховалинг 9,6%, Шаҳритус 9,6%, Кушониён 9,6%, Муъминобод 9%, Фархор 8,8% иҷро гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар муассисаҳои таълимии вилоят дар давоми 5 сол бояд 19580 адад компютер мутаносибан ба шумораи хонандагон харидорӣ карда шавад. Тибқи қарори мазкур дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии вилоят тайи 3 сол 11723 адад компютер, 639 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда мешуд. Ба ҳолати 11.09.2020 аз 11723 адад компютер 3040 адад (26%) ва аз 639 адад тахтаи электронӣ 257 (40%) харидорӣ шудааст.

Дар давоми амалӣ гардидани «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» ба унвони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 мактуб (аз 25.07.2014, №06/1-669 ва аз 18.03.2015, №06/1-173, аз 02.02.2018, №06/1-32, аз 15.09.2020 №06/3- 2321) фиристода шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 365 муассисаи томактабӣ пешбинигардида 7 муассиса сохта шудааст, ки 2%-и иҷрои Барномаро дар бар мегирад. Муассисаҳои томактабии таъсисдода ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб (2), Муъминобод, Левакант ва Қубодиён (1) рост омада, дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон, Восеъ, Ховалинг, Балҷувон, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Данғара, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Темурмалик ягон муассисаи томактабӣ сохта нашудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 179 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ 1 муассиса таъсис дода шудааст, ки 0,6%-ро ташкил медиҳад. Муассисаи мазкур дар шаҳри Бохтар буда, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Левакант, Муъминобод, Қубодиён Дӯстӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон, Восеъ, Ховалинг, Балҷувон, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Данғара, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Темурмалик ягон муассисаи таълимии хусусӣ сохта нашудааст.

Дар вилояти Хатлон 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (13 муассисаи таълимии давлатӣ ва 13 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки аз рӯи 7 самт (омӯзгорӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг) ва 98 ихтисос мутахассисонро тайёр мекунанд.

Шумораи умумии донишҷӯён 26064 нафар (18008 нафар духтар)-ро ташкил дода, дар муассисаҳои таълимии мазкур 1704 нафар омӯзгор (аз ҷумла, 652 зан) фаъолият менамоянд. Дар соли таҳсили 2020-2021 норасоии кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии вилояти Хатлон амалан ҳалли худро ёфта бошад ҳам, нарасидани омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта ба назар мерасад.

Айни замон, заминаи моддию техникии баъзе муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят (Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара, Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён, Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) дар сатҳи паст қарор доранд. Дар ин муассисаҳо таҷҳизоти мавҷудаи таълимӣ кӯҳнаю фарсуда буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Маводу воситаҳои таълимии замонавӣ камшумор буда, кабинетҳои фаннӣ дуруст ҷиҳозонида нашудаанд.

Маблағгузории қисми зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳангоми банақшагирии ҷадвали воҳидҳои корӣ ва харҷномаи хароҷоти муассисаи таълимӣ муаммоҳои раванди таълимро ба назар намегиранд, ки ин амал боиси пайдо шудани мушкилоти зиёд дар муассисаҳои таълимӣ мегардад.

Ҳамин аст, ки дар сатҳи зарурӣ маблағгузорӣ нагардидаи сабаби асосии таъмин нашудани муассисаҳои таълимӣ бо воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва рушди инфрасохтори онҳо гардидааст.

Мушкилоти дигар, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон-мутахассисони соҳаи техникӣ мебошад. Хатмкунандагони ихтисосҳои техникӣ, ки аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил намудаанд, қисми зиёди онҳо бо ҷойи кор таъмин карда намешаванд.

Масъалаи таъминот бо компютер дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ беҳбудиро мехоҳад. Дар муассисаҳои таълимии вилоят ҳарчанд барои ҳалли ин масъала кӯшиши зиёд намуда бошанд ҳам, аммо корҳои ба анҷомрасонидашуда барои таъмини пурраи ҷараёни компютеркунонӣ басанда нест.

Дар вилояти Хатлон 18 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 5875 нафар хонанда (5163 нафар буҷавӣ ва 712 нафар шартномавӣ) таҳсил менамоянд. Ба кори таълиму тарбияи донишҷӯён 663 нафар (215 нафар зан) омӯзгор ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ вобаста шуда, дар доираи талаботи нақшаи таълимии муассиса таълиму тарбияро ба роҳ мондаанд.

Устохонаҳои таълимии литсейҳои касбии техникии вилоят дар давраи Шӯравӣ сохта шуда, ягон маротиба таъмир карда нашудаанд ва ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Масалан, Литсейи касбии техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ валангор шуда, то имрӯз ҷиҳати таъмиру азнавсозии он ягон чораҷӯйӣ карда нашудааст.

Дар литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ бинои асосии таълимӣ моҳи ноябри соли 2017 вайрон карда шуда, мебоист дар ҷойи он бинои нави таълимӣ сохта мешуд. Мутаассифона, аз байн се сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол ягон кор дар ин самт анҷом дода нашудааст.

Проблемаи дигар, дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, норасоии китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, аёниятҳои таълимӣ, лабораторияҳо ва кабинетҳои фаннӣ мебошад, ки сари масъалаи мазкур то имрӯз коре анҷом дода нашудааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилоят якчанд барномаи давлатӣ ва консепсияҳо амалӣ карда мешавад. Санҷиши барномаҳои мазкур нишон дод, иҷрои онҳо қаноаткунанда нест. Чунончи, «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020» натиҷагирӣ карда шуд. Иҷрои барнома дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилояти Хатлон 61,2%-ро ташкил дод.

Ҳарчанд фоизи амалишавии Барнома қаноаткунанда бошад ҳам, дар самти сохтмон ва мукаммалсозии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ корҳои нотамоми зиёд боқи мондааст, ки ҳалли худро талаб менамояд.

Дар вилояти Хатлон бо мақсади омода намудани мутахассисони зинаи таҳсилоти олии касбӣ 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи тиббии Хатлон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб фаъолият менамояд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мазкур ҳамасола тибқи Стандарт, нақша ва барномаҳои таълимӣ аз рӯи равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ барои талаботи иқтисодиёти миллии кишвар аз рӯи 241 ихтисос мутахассис тайёр менамоянд.

Дар муассисаҳои таълимии мазкур барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар маҷмӯъ, 2149 нафар омӯзгор сафарбар гардидаанд. Аз онҳо 70 нафар доктори илм, 357 нафар номзади илм ва 1722 нафар ассистент мебошанд. Аз 2149 нафар омӯзгор 427 нафар (20%)-ро омӯзгори дорои унвон ва дараҷаи илмидошта ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят 48632 нафар донишҷӯ, 32348 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 16284 нафар дар шуъбаи ғоибона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд.

Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дорои 30 бинои таълимӣ ва 15 бинои хобгоҳ мебошанд. Теъдоди донишҷӯёни дар хобгоҳҳо истиқоматкунанда 2464 нафарро ташкил медиҳанд, ки 821 нафари онҳоро духтарон ва 1643 нафари онро писарон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба теъдоди умумии донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, ки 32348 нафар мебошад, 7,6%-ро ташкил медиҳад.

Дар муассисаҳои таълимии мазкур, бо вуҷуди он ки дар раванди омода намудани мутахассисон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст, норасоию камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Кам будани омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, нисбатан паст будани сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён, тибқи талаботи Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда нашудани раванди баргузории таълим дар бахши таҳсилоти фосилавӣ, норасоии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо барои донишҷӯён, кӯҳнаву фарсуда будани аксар озмоишгоҳҳои таълимӣ ва норасоии маводи масрафшаванда дар ин озмоишгоҳҳо, кам будани теъдоди пойгоҳҳои таҷрибаомӯзӣ ва филиалҳои кафедраҳои тахассусӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  нарасидани адабиёти таълимӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳост.

Дар идомаи кори ҷаласа Дилшод Сафарзода-сардори раёсати сохтмони асосии вазорат вобаста ба рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №504 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021”, Комилшо Исозода-директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ вобаста ба таҳия, чоп ва таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ, Ҷамшед Салимов-сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ вобаста ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”, Тоҷинисо Маҳмадова-директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо вобаста ба натиҷаи иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои фаннӣ, Сабзалӣ Ҷаъфарзода-муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаи дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ суханронӣ намуданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни суханронӣ зикр кард, ки баргузории ҷаласаи мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дар қатори дигар масъалаҳои мубрами рӯзи соҳа таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намудан ба ҳаллу фасли мушкилот, камбудӣ ва норасоиҳои ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа, баҳри таҳкимбахшии минбаъдаи корҳо дар соҳаи маорифи вилоят ва таъмини рушди он мусоидат хоҳанд кард.

- Мавриди зикр аст, ки масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи маорифи вилоят, ҷараёни ислоҳоти он, вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сатҳу сифати дониши шогирдон, дохилшавии хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти касбии дохил ва хориҷи мамлакат, фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсилоти томактабӣ, фарогирии кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсил, аз ҷумла, ҷалби духтарон барои таҳсил дар синфҳои 10-11, таъмини муассисаҳои таълимӣ, кабинету озмоишгоҳҳои таълимӣ бо ашё ва таҷҳизоти таълимӣ, мустаҳкамкунии заминаҳои кадрӣ, моддӣ-таълимӣ ва техникии онҳо, бахусус, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлативу соҳавӣ ва ғайра мунтазам дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, давра ба давра дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ, ҷаласаҳои корӣ, назоратӣ ва ҷамъбастии назди раиси вилоят, муовини соҳавӣ ва Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мавриди баррасӣ, таҳлил, омӯзиш ва натиҷагирии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати бартарафсозии мушкилот, камбудӣ ва норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, - зикр кард Ф.Шарифӣ.

Дар идома, муовини раиси вилоят иттилоъ дод, ки  тибқи қарорҳои дахлдори ба тасвибрасидаи раиси вилоят барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзади илм дар самти фан ва илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба олимону  роҳбарони илмии онҳо (вобаста ба теъдодашон) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 5 ҳазор сомонӣ, барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзади илм ба кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ (вобаста ба теъдодашон) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 5 ҳазор сомонӣ, ҷоизаҳои раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф ба миқдори 10 адад ҳар кадом дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ, стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба олимони эҷодкор ва хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва касбии ҳудуди вилоят бо шумораи 120 адад, дар маҷмӯъ, ба маблағи 252 ҳазор сомонӣ, стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо шумораи 70 адад, дар маҷмӯъ, ба маблағи 168 ҳазор сомонӣ, мукофоти ҳавасмандсозӣ ба хатмкардагони синфи 11, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои универсалию равиявӣ хатм менамоянд, бо дарназардошти роҳбари муассисаи таълимӣ (вобаста ба шумораи хонандагони комёбшуда) мутаносибан дар ҳаҷми 10 ва 3 ҳазор сомонӣ, мукофотҳои ҳавасмандсозӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» дар сатҳи вилоят, дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ ҳамасола пешбинӣ ва роҳандозӣ  карда мешаванд.

Дар охир  М. Имомзода-вазири маориф ва илм ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати кишвар, татбиқи саривақтии стратегияию барномаҳои соҳавӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан ба тарбияи насли наврас, пешгирии наврасону ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, таъминоти муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, фаъолона иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ва як қатор масъалаҳои дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, инчунин, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда бо назардошти таклифу пешниҳодҳои ироашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Эҳсон САФАРЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

Душанбе – Бохтар – Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш